Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бурду бохтҳои саммити Душанбе


Душанбе, 5-уми октябри соли 2007
Душанбе, 5-уми октябри соли 2007

Бо анҷом пазируфтани се нишаст бо ширкати сарони кишварҳои узви Ҷомиъаи муштаракулманофеъ таъсиси Иттиҳодияи гумрукӣ муҳимтарин дастоварди ин нишаст унвон мешавад.

Дар навбати аввал Русия, Беларус ва Қазоқистон дар ин иттиҳодия шомил мешаванд. Гуфта мешавад, дар оянда бо омода шудан ва ҳамоҳангсозии қавонини худ ба муқаррароти он кишварҳои дигари узви созмони Авросиё низ метавонанд ба узвияти ин созмон пази руфта шаванд.

Владимр Путин, раиси ҷумҳури Русия, аз қабули қарорҳои нишасти Душанбе бисёр хушбинона ин тасмимотро ба истилоҳ инқилобӣ унвон кард ва гуфт: «Мутмаинам, тасмимоте, ки дар Душанбе гирифта шуд, ба густариши ҳамгироӣ дар чаҳорчӯби ҷамиъаи ҳамкории Авросиё мусоидат хоҳанд кард. Таъкид мекунам, ки мо дар роҳи густариши ҳамгироӣ дар маҳдудаи шуравии собиқ як қадами муҳим, усулӣ ва сифатан нав гузоштем».

Ҳамчунин дар нишасти сарони кишварҳои узви СПАД қарор шуд, ки кишварҳои узви он метавонанд силоҳ ва муҳимоти низомии тавлиди Русияро бо қимати бозори дохилии ин кишвар харидорӣ кунанд. Коршиносон ин тасмимро низ аз тасмимоти муҳими нишастҳои Душанбе унвон карданд.

Дар ҳамин ҳол Меморандуми ҳусни тафоҳум миёни Созмони Шанхай ва СПАД низ аз сӯи шореҳон чун иқдоми муқовимат ба густариши НАТО ва Иттиҳодияи Аврупо ба минтақа арзёбӣ шудааст. Ин шореҳон мегӯянд, Русия мехоҳад мавқеъи тайи солҳои ахир дар минтақа ба дастовардаи НАТО ва Ғарбро коҳиш диҳад ва нуфузи аз дастрафтаи худро дар маҳдудаи Шӯравии пешин ва минтақаи Осиёи марказӣ барқарор кунад.

Вале як рӯз қабл аз нишасти СПАД ва Ҷомиъаи ҳамкории Авросиё соҳибназарон талоши додани нӯшдору барои бақои зиндагии Ҷомиъаи муштаркулманофеъро эҳсос карданд. Дар нишасти сарони ин кишварҳо Консепсияи рушди ҷомиъа қабул шуд. Аммо инро ҳамаи аъзои Ҷомиъаи муштаркулманофеъ ҷонибдорӣ накарданд. Ба гуфтаи Михаил Саакашвивлӣ, раиси ҷумҳурии Гурҷистон, ӯ ин консепсияро ба он далел имзо нагузошт, ки узвияти Гурҷистон дар Ҷомиъаи муштаракулманофеъ ба рафъи муҷозоти тиҷорие, ки Русия ба кишвараш бор намудааст, кумак накардааст.

Туркманистон низ ин Консепсияро имзо накард. Озарбойҷон бошад, ҳарчанд ба он имзо кард, вале боз ҳам ба баъзе аз нукоти он эътирозҳое иброз намуд. Дар ҳамин ҳол 6 кишвари узви СПАМ аз вазъияти Эрон ва Афғонистон изҳори нигаронӣ карданд.

Албатта, бисрёриҳо мунтазири он буданд, ки дар ин нишастҳо баҳсҳое миёни Тоҷикистон ва Узбакистон рӯй медиҳад, ки ба рафъи ихтилоф дар сари сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва ихтилофҳои марзӣ кумак хоҳад кард. Ба ин ихтилофҳо дар ҷараёни нишастҳо ишора шуд, аммо талоше барои рафъи онҳо сурат нагирифт. Дар мавриди сохтмони ин нерӯгоҳҳо бо Русия низ Тоҷикистон тавофуқи ҷиддие ҳосил накард.

XS
SM
MD
LG