Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон: «Муносиботи Тоҷикистону Русия дар сатҳи олӣ қарор доранд»


Оқои Раҳмон ҳамзамон гуфт, бархе афроди манфиатхоҳ бо нашри матолиби иғвоангез дар сомонаҳои интернетӣ дар муносиботи миёни Тоҷикистону Узбакистон халал ворид карданианд, аммо ӯ мутмаин аст, ки тири ҳадафи онҳо хок хоҳад хӯрд.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар арафаи нишасти сарони кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ ҳамчунин ба муносибот бо кишвари дигари узви ин иттиҳод Русия дахл кард, ки, ба гуфтаи коршиносон, ахиран дар равобити ин ду кишвар сардӣ эҳсос мешавад.

Оқои Раҳмон инчунин назари коршиносон дар робита ба равобити кишвараш бо Русияро рад карда гуфт: «Муносиботи Тоҷикистону Русия дар сатҳи олӣ қарор доранд. Шумо шоҳид ҳастед, ки дар ин чанд моҳи ахир мо бо раиси ҷумҳури Русия борҳо мулоқот доштем. Ва масоили мухталифи муносиботи байни кишварҳо ва минтақавиро матраҳ кардем. Ҷараёни бунёди нерӯгоҳи барқи обии «Сангтуда-1» аз сӯи ширкати РАО ЕС-и ин кишвар ва ҳамкориҳои низомиву техникӣ далели сатҳи баланди ин равобит аст. Вале дар ин муносбот баъзе масоили ҳалношуда низ ҳаст, ба гунаи иҷрои қорордодҳои миёни Тоҷикистону Русия, ки қаблан ба тасиб расидаааст».

Ин ҳам дар ҳолест, ки оқои Раҳмон мегӯяд, дар мавриди бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун ҳукумати Русия созишномаи нави ҳамкорӣ бо Тоҷикистонро тарҳрезӣ дорад. Аммо, гуфт ӯ, дар ин тарҳ ширкати «РусАл»-и Русия иҷозаи ширкат нахоҳад дошт. Ва ҳамзамон президент афзуд, Тоҷикистон, сарфи назар аз тарҳрезии созишнома бо ҳукумати Русия, идомаи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғунро бо қувваи худ аз сар хоҳад гирифт ва аз буҷаи соли 2008-и худ барои эҳёи дубораи корҳо дар ин нерӯгоҳ ҳудуди 30 миллион долларро ихтисос хоҳад дод.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин изҳор намуд, шурӯъ аз интиҳои моҳи сентябри соли ҷорӣ Тоҷикистон бунёди нерӯгоҳи Роғунро дар танҳоӣ идома дода, сипас ҷиҳати анҷоми муваффақонаи ин тарҳ Консорсиуми байнулмилалӣ эълон хоҳад кард, ки ҳар кишвар ва ё ширкати хориҷии сармоягузор дар тарҳи бунёди Роғун ҳаққи ширкат пайдо мекунад.
XS
SM
MD
LG