Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори нави МАГАТЭ ба Эрон


Дар сурати посух нагуфтан ба ҳама суолҳои марбут ба барномаи ғанигардонии ураниум Ҷумҳурии исломии Эрон дар рӯ ба рӯи таҳримҳои нави СММ қарор хоҳад дошт. Ба ин нукта Муҳаммад ал-Бародаӣ, раиси Ожонсии байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ, дар суҳбат бо нашрияи «Файненшл таймс» ишора кардааст.


Ба гуфтаи ал-Бародаӣ, то пешниҳоди гузориши нави ин ожонсӣ оид ба барномаи ҳастаии Эрон дар 22-вуми ноябр Теҳрон бояд ба мавзӯъи харидории сентрофугҳои нав равшанӣ андозад.
XS
SM
MD
LG