Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони қуюди шабгардӣ дар Мянмар


Имрӯз, 27-уми сентябр, Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар нишасти оҷили худ вазъи Мянмар - Бирмаи собиқро - баррасӣ хоҳад кард. Бритониё ва Итолиё баргузории ин нишастро талаб карданд. Гордон Барун, сарвазири Бритониё, дирӯз гуфт: «Аввалин коре, ки мебояд кард - фиристодани сафири Созмони милал ба Бирма аст, то режими Бирма фаҳмад, ки поймолкунии ҳуқуқи инсон аз назари ҷомеъаи ҷаҳонӣ дур намемонад ва комилан ғайри қобили қабул аст».


Дар ҳамин ҳол дирӯз хадамоти амниятии Мянмар зимни пароканда кардани намоиши эътирозии роҳибони буддоӣ ва ҷонибдорони онҳо аз нерӯи низомӣ истифода кард, ки бар асари ин дастикам 5 кас кушта ва чандин нафар маҷрӯҳ шудаанд.


Гуфта мешавад, пулис ҳудуди 200 нафар аз эътирозгаронро боздошт кардааст, ки тақрибан нисфи онҳо роҳибони буддоиянд. Намоишгарон талаб доранд, ки хунтаи низомӣ аз сари қудрат канор равад. Намоишҳои эътирозӣ дар Мянмар даҳ рӯз пеш, баъди аз сӯи ҳукумат ду карат боло бурдани қимати маводи сӯхт шурӯъ шуданд.


Ин ҳам дар ҳолест, ки баъди намоишҳои густардаи эътирозӣ мақомоти Мянмар дар бораи ҷорӣ кардани қуюди шабгардӣ ва манъи ҳама гуна гирдиҳамоиҳо тасмим гирифтанд.
XS
SM
MD
LG