Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯҳбати президенти Тоҷикистон бо Радиои Озодӣ


Шоми имрӯз, 19 сентябр дар барномаи хабарии шомгоҳии Радиои Озодӣ мусоҳибаи кӯтоҳи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо Радиои Озодӣ пахш мешавад.


Дар ин сӯҳбат, ки дар шаҳри Бишкек ба вуқӯъ пайвастааст, раисҷумҳури Тоҷикистон ба суолҳои хабарнигори қирғизистонии Радиои Озодӣ посух мегӯяд. Аз президент Раҳмон аз ҷумла натоиҷи боздидаш аз Қирғизистон ва назараш ба пешниҳод оид ба таъсиси Иттиҳоди Осиёи Марказӣ суол шудааст.


Барномаҳои хабарии шомгоҳии Радиои Озодӣ соати 19.00 ба вақти Душанбе оғоз меёбанд ва зинда тариқи интернет, моҳвора ва тавассути мавҷи кӯтоҳ қобили шунидан аст.
XS
SM
MD
LG