Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созиши нави исроилӣ ва фаластиниҳо


Сарвазири Исроил Эҳуд Олмурт ва раиси маъмурияти худгардони Фаластин Маҳмуд Аббос, имрӯз ба ташкили ҳайъатҳои музокиротии марбут ба ихтилофиназарҳои асосии ду ҷониб ризоият доданд. Қарор аст, дар ростои ҳамоиши байнулмилалии эҳёи сулҳи Ховари Миёна дар моҳи ноябр дар Вошингтон, ин дастаҳо масъалаҳоеро монанди иқтисодиёт, инержӣ ва об баррасӣ кунанд.


Аммо намояндаи Исроил Яъқуб Галантӣ ихтилофи меҳварии ду тарафро дар масъалаи марзҳо, ояндаи давлати Фаластин, сарнавишти паноҳандагони фаластинӣ ва мақоми ояндаи Байтулмуқаддас ё Йершалим ёдовар нашуд. Дар ин байн Олмурт имрӯз ба Аббос гуфт, вай ба раҳоии теъдоди номаълуми фаластиниҳо аз маҳбасҳои Исроил дар моҳи Рамазон талош хоҳад кард. Пеш аз оғози гуфтушунид Аббос изҳори умедворӣ карда буд, ки имрӯз корпояи таъсиси давлати Фаластин ҳосил хоҳад гашт.
XS
SM
MD
LG