Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Австралия ба Амрико содиқ мемонад


Нахуствазири Австралия Ҷон Ҳовард эълом кард, кишвараш дар канори Иёлоти Муттаҳида хоҳад истод ва теъдоди нерӯҳояш дар Ироқро коҳиш нахоҳад дод. Ҷон Ҳовард пас аз мулоқот бо Ҷорҷ Буш дар шаҳри Сидней гуфт, нерӯҳои Австралия дар сатҳи феълии худ дар Ироқ хоҳанд монд, новобаста ба ҳеҷгуна ҷадвал, балки вобаста ба шароити дар он маҳал.


Ҳангоми нишасти хабарӣ раисҷумҳури ИМА Ҷорҷ Буш гуфт, ӯ шоҳиди пешрафтҳои сиёсӣ ва амниятӣ дар Ироқ шудааст ва эълом кард, бо вуҷуди фишор барои ихроҷи нерӯҳои Амрико аз Ироқ ҳузури худро дар онҷо нигаҳ хоҳад дошт.


Мулоқоти Ҷорҷ Буш ва Ҷон Ҳовард дар остонаи нишасти иқтисодии кишварҳои Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором сурат гирифт, ки масъалаи тағйири иқлим ва тиҷорати ҷаҳонӣ дар дастури кори ин нишаст қарор мегирад.
XS
SM
MD
LG