Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озода Раҳмон дар Вазорати хориҷаи Тоҷикистон


Бархе мегӯянд, фарзанди раисҷумҳур низ мисли бақия шаҳрванди кишвар аст ва ҳаққи кор дар ҳар мақоми давлатиро дорад. Бархе дигар мегӯянд, таъйиноти Озода Раҳмон нақши то кунун ҳам барҷастаи асли таборгароиро дар сиёсати кадрии давлати Тоҷикистон боз ҳам барҷастатар нишон медиҳад.

Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, таҳлилгари маркази таҳлилии "Гуфтугӯ" мегӯяд, шояд дар ин амр таассуби аъзои хонаводааш ба таҷрубаи кишварҳои ҳамсоя ҳам нақш бозидааст, вале ғолибан дар амри таъйини Озода Раҳмон ба раҳбарии идораи консулии Вазорати хориҷа нақши фазосозии доираҳои манфиъатхоҳ дар сохторҳои давлатӣ умдатар будааст.

Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода мегӯяд, вале дар ҳар сурат хабари интисоби Озода Раҳмон ба мақоми давлатӣ хабаре ғайричашмдошт буд. Зарафо Раҳмонӣ, таҳлилгари дигари тоҷик бар ин назар аст, ки интисоби Озода Раҳмон бо қасди шиносоии бештари ӯ ба ҷомиа сурат гирифтааст.

Ҳузури афроде, ки бо раисҷумҳури Тоҷикистон пайванди хешутаборӣ доранд, дар мақомҳои баланди давлатӣ хабари албатта, нав нест, вале ин барои нахустин бор аст, ки яке аз фарзандони раисиҷумҳур ба мақоми расмии давлатӣ таъйин мешавад.

Озода Раҳмон дар курсии раҳбарии идораи консулии вазорати хориҷа Баҳром Холназаровро иваз мекунад. Баҳром Холназаров, домоди Нуриддин Раҳмонов, бародари президент Эмомалии Раҳмон, дар таърихи 21 август ба симати сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон таъйин шуд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар маҷмӯъ 9 фарзанд - 7 духтар ва 2 писар дорад. Озода Раҳмон фарзанди севвуми раисҷумҳури Тоҷикистон буда, риштаи равобити байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм карда ва як муддат ҳамроҳ бо шавҳараш дар Амрико ба сар бурдааст. Аммо то кунун дар бораи фаъолиятҳои Озода Раҳмон дар маҳофил камтар сӯҳбат мешуд. Вирди забони маҳфилҳо то ҳол бештар хоҳарони ӯ Фирӯза ва Таҳмина ва ҳамин тавр додарарӯсаш Ҳасан Саъдуллоев буданд. Ва аммо то кунун ҳеҷ навъ маълумоти расмӣ, ки фарзандони президент дар куҷо кор ё таҳсил мекунанд, нашр нашудааст. Танҳо дар мавриди додарарӯси президент - Ҳасан Саъдуллоев маълум аст, ки ӯ расман раҳбарии "Ориёнбонк", яке аз бузургтарин бонкҳои Тоҷикистонро бар ӯҳда дошта, чанд расонаи хабарӣ, аз ҷумла нашрияи "Ориёно" ва ду шабакаи радиоии "Русское Радио - Ориёно" ва радиои "Имрӯз" тавассути "Ориёно - Медиа", шохаи матбуотии ҳолдинги "Ориёнбонк" роҳандозӣ шудаанд.

Додоҷони Атовуллоҳ, сардабири ҳафтавори мустақили "Чароғи Рӯз", чопи Маскав, мегӯяд, ба мақоми расмии давлатӣ таъйин шудани Озода Раҳмон ҳокист, ки ҳукумат дар Тоҷикистон ҳарчӣ бештар табиъати хонаводагӣ касб мекунад. Вале Мӯсо Асозода, раҳбари созмони душанбегии ҲХДТ ба ин масъала назари дигар дорад. Оқои Асозода интисоби Озода Раҳмонро ҷузъе аз сиёсати давлати кунунии Тоҷикистон ҷиҳати ҷалби ҳарчӣ бештари занон ба умури давлатӣ меҳисобад.


Дар дигар кишварҳои собиқ Шӯравӣ:

Ҳузури фарзандон ва хешовандони хонаводаҳои ҳоким дар идораи давлатҳо хоси тақрибан ҳама кишварҳои мусалмонии шӯравии собиқ будааст.

Дар Озарбойҷон, қарори маълум, баъди даргузашти раҳбари пешинаш Ҳайдар Алиев фарзанди ӯ Илҳом Алиев ба курсии раёсати ҷумҳурӣ нишаст.

Дар Узбакистон духтари бузурги президент Ислом Каримов Гулнора як муддат кордори фарҳангии сафорати Тошканд дар Маскав буд ва феълан кори тиҷорат мекардааст. Ҳадс мезананд, ки Гулнора Каримова молики чандин ширкати тиҷоративу силсилаи мағозаҳову тарабхонаҳост, вале худи ӯ танҳо ҳадди аксари саҳмияҳо дар бузургтарин ширкати телефонҳои мобайли Узбакистон доштанашро эътироф кардаасту халос.

Дар Қирғизистон як далели асосии алайҳи давлати Аскар Оқоев бархостани мухолифинаш эътироз ба ҳузури беш аз ҳадди аъзои хонаводаи президент Аскар Оқоев дар саҳна буд, ки дар ниҳоят боиси суқути давлати Оқоев ва аз Қирғизистон фирор кардани ӯву ҳама аъзои хонаводааш шуд.

Аммо маълум мешавад, Қурмонбек Боқиев, раисиҷумҳури кунунии Қирғизистон низ ба сарнавишти пайвандонаш чандон бепарво набудааст. Ҷонибек, як бародари ӯ то чанде пеш муовини вазири амнияти Қирғизистон буд. Мухолифин аъзои хонаводаи Боқиевро ба талоши аз худ кардани ширкатҳои телевизионии Пирамида ва Канали Панҷум низ муттаҳам мекарданд.

Дар Қазоқистон духтари президент Нурсултон Назарбоев -Дориға молики чанд шабакаи тавонои телевизионӣ ва шавҳари собиқи ӯ Роҳат Алиев як муддат вазири молиёт ва муовини вазири хориҷа ва то замони таҳти таъқиби мақомоти Остона қарор гирифтанаш сафири Қазоқистон дар САҲА буд. Домоди дигари Назарбоев муовини раиси яке аз ширкатҳои бузурги давлатии нафти Қазоқистон буд, вале низ ҳафтае пеш аз мақом барканор шуд.
XS
SM
MD
LG