Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рафсанҷонӣ раиси Маҷлиси хубрагон шуд


рк

Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ, собиқ раисҷумҳури ислоҳотталаби Эрон раиси нави Маҷлиси хубрагони Эрон интихоб шуд. Ин маҷлис дар Эрон ниҳоди қудратмандест, ки метавонад бар фаъолияти раҳбари руҳонии Эрон назорат барад ва ҳатто ӯро барканор ва каси дигарро дар ин мақом таъйин кунад.


Рақиби вай дар ин мақом Аҳмади Ҷаннатӣ - дабири Шӯрои нигаҳбони қонуни асосии Эрон буд. Ҳангоми интихоб Рафсанҷонӣ 41 райъ ва Ҷаннатӣ 34 райъ ба даст оварданд. Аз моҳи июли соли ҷорӣ, аз замоне, ки Оятуллоҳ Мешкинӣ - раиси Маҷлиси хубрагон даргузашт, курсии раёсат холӣ буд.


Дар солҳои навадуми қарни гузашта Рафсанҷонӣ ду давра раиси ҷумҳур буд. Дар интихоботи соли 2005 низ худро номзад кард, вале аз Маҳмуди Аҳмадинажод шикаст хурд.
XS
SM
MD
LG