Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Инфиҷор дар назди фурудгоҳи Кобул


Их

Имрӯз як бомбгузори маргталаб мошинашро дар назди фурудгоҳи шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистон, тарконида, камаш ду сарбози афғонро ба ҳалокат расонд. Гуфта мешавад, дар ин ҳодиса чанд тани дигар маҷрӯҳ шудаанд.


Як сарбози афғон, ки шоҳиди таркиш будааст, изҳор намуд, ки бомбгузор мехост ба корвони мошинҳои низомиёни Олмон ҳамла кунад.


Сухангӯи нерӯҳои олмонии мустақар дар Афғонистон низ тасдиқ кард, ки бомбгузор мехост болои корвони олмонӣ ҳамла кунад, вале мошини ӯ ба корвон нарасида, дар назди дарвозаи фурудгоҳ мунфаҷир шуд.


Тахмин мешавад, ки масъулияти ин ҳамла бар дӯши Толибон аст. Дар ҳамин ҳол, рафтуомади ҳавопаймоҳо дар фурудгоҳи Кобул ба таври маъмулӣ идома дорад.
XS
SM
MD
LG