Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манъи якҷонибаи рафтуомад


sr

Марзбонони Узбакистон ахиран рафтуомади шаҳрвандони Тоҷикистонро тавассути гузаргоҳи Ҷартеппа, ки ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғди Тоҷикистонро бо вилояти Самарқанди Узбакистон мепайвандад, манъ кардаанд.


Марзбонони тоҷик мегӯянд, ҳамтоёни узбакашон онҳоро аз чунин як тасмими худ огаҳ накардаанд. Эҳтимол меравад, ки ин тасмим ҷониби Узбакистон ба омодагириҳои кишвар ба ҷашни истиқлолияташ рабт дорад.


Ин ҳам дар ҳолест, ки дар убуру мурури шаҳрвандони Узбакистон ба Тоҷикистон ҳеҷ як монеъае вуҷуд надоштааст.
XS
SM
MD
LG