Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аврупои мусалмон?


Дар байни писарони навзоди Британия номи Муҳаммад дар ҷои дуюм, дар чор шаҳри калонтарини Ҳолланд ва шаҳраки Сан Дении канори Париж бошад, номи Муҳаммад дар аввали рӯйхат қарор дорад.

Бо ишора ба ин гуна далелҳо ва мизони баланди таваллуд дар оилаҳои мусулмонони аврупоӣ, баъзе шореҳон бо нигаронӣ пешбинӣ мекунанд, ки тадриҷан ин қора ба "ЕвАрабия" табдил меёбад. Дар шумораи ахири рӯзномаи британиявии "Файненшел Таймс" натиҷаи як назархоҳӣ ба табъ расидааст, ки дар он сокинони як идда мамолики Аврупо ва Амрико фикри худро дар бораи мусулмонон иброз доштаанд.



Бритониё

Бино бар ин назархоҳӣ, сокинони Британия назар ба амрикоиҳо ва шаҳрвандони дигар мамолики аврупоӣ дар муқобили мусулмонон шакки бештар доранд. Ҳамагӣ 59 дар сади британиявиён бовар доранд, ки фард метавонад дар як вақт ҳам мусулмон бошаду ҳам шаҳрванди самимии кишвари онҳо. Шумораи зиёди британиявиён бар ин назар аст, ки дар давоми як соли оянда кишвари онҳо мавриди "ҳамлаи калони террористӣ" қарор мегирад. Ҳамчунин онҳо мусулмононро "хатар ба амнияти миллӣ" арзёбӣ намуда, таъкид мекунанд, ки дар Британия мусулмонон қудрати аз ҳад зиёд доранд.

Аммо воқеият ин аст, ки аз миёни 646 узви парламенти Британия ҳамагӣ чор нафар мусулмон буда, онҳо ҳатто ба тағйири хатти машйи Британия дар Ироқ муваффақ нашудаанд.

Масъулони назархоҳӣ бар ин боваранд, ки ақидаи манфии бритониёвиён дар бораи мусулмонон аз ҳамлаҳои маргбори 7 июли соли 2005-ум маншаъ мегирад. Аммо Усома Саид, раиси Иттиҳодияи мусулмонони Британия назархоҳӣ ва натиҷаи онро "маъракаи бадтинат"-и воситаҳои ахбори умум бар зидди мусулмонон номид. Дар ин бора таҳлилгари равобити байни нажодии Аврупо дар колеҷи Мидлбберии Вермонт Эрик Блейч мегӯяд: " Натиҷаи назархоҳӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки Британия аз роҳи рушди гуногунфарҳанг рӯй метобад". Блейч меафзояд, танаввуъ ё худ гуногунӣ дар тӯли даҳсолаҳо нерӯи пешбарандаи ин кишвар буд.


Фаронса

Дар ҳамин ҳол, аксари кулли фаронсавиён муҳоҷирони мусулмонро ҳамватан шумурда, онҳоро ҳамчун ёри муносиби фарзандонашон дар оиладорӣ қабул доранд. Бар аксари фаронсавиён мусулмонон таҳдид ба амният арзёбӣ намекунанд. Моҳи ноябри соли 2005-ум ҷавонони муқими канораҳои пойтахти Фаронса ошӯбе бардошта, чанд ҳафта кишварро ноором карда буданд. Тахминан ҳамон вақт ҳукумати Фаронса дастур дода буд, духтарон дар мактаб аз пӯшидани рӯсариву ҳиҷоб худдорӣ кунанд.

Патрик Саймон, ходими Пажӯҳишгоҳи ҷомеашиносии Айнеди шаҳри Париж мегӯяд, муҳаррики ин ошӯб бо дин иртиботе надорад. Ҷавонон бар муқобили вазъи иқтисодиву полис сар бардошта буданд.


Испания

Дар Испания наздик ба 80 дар сади пурсидашудагон гуфтаанд, ки мусулмононро ҳамчун таҳдид ба амнияти миллӣ баррасӣ намекунанд. Ҳамин гуна беш аз 80 дар сади мардуми ин кишвар мухолиф нестанд, ки фарзанди онҳо бо мусулмон издивоҷ кунад.


ИМА

Дар ИМА 40 фоизи пурсидашудагон гуфтаанд, ки онҳо намехоҳанд, фарзандашон бо мусулмон оиладор шавад. Дар ин иртибот нажодшинос Блейч мегӯяд, "амрикоиён ба мазҳабҳову калисоҳояшон таваҷҷӯҳи зиёд доранд ва агар шумо аз пайрави мазҳаби протестант пурсед, ки дар мавриди оиладоршавии фарзандатон ба пайрави мазҳаби католик чӣ назар доред? Ӯ мегӯяд, ки ман мухолифам."

Ҷои ёдоварист, ИМА ифтихори зиёд дорад, ки дар масъалаи ҳамоиши муҳоҷирон, аз ҷумла муҳоҷирони мусулмон, нисбат ба Аврупо муваффақияти бештар касб намудааст.


Мусалмонтарин кишвари Аврупо

Дар ҳоли ҳозир, сермусулмонтарин кишвари Аврупо: Булғористон ба шумор меравад. Як миллион мусулмони ин кишвар ҳафтяки саршумори умумии аҳолии ин кишварро ташкил медиҳад.


Халифати Аврупо?

Шӯрои иктишофи миллии ИМА пешбинӣ мекунад, ки то соли 2025 саршумори мусулмон дар Аврупо аз 23 то 38 миллион нафарро ташкил хоҳад дод, вале баъд аз он эҳтимол афзоиши саршумори мусулмонон заифтар мешавад, зеро дар байни мусалмонони аврупоӣ мизони таваллуд ҳам ба тадриҷ коҳиш меёбад. Хулоса, исломишавии Аврупо ё худ ҷорӣ шудани шариат дар ин қора ҳарфи пой дар ҳавост.
XS
SM
MD
LG