Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талоши нокоми рабоиши ҳавопаймои Туркия


Ду нафар пас аз кӯшиши нокоми рабоиши ҳавопаймои туркӣ дар фурудгоҳи Анталия, ҷануби Туркия худро ба мақомоти ин кишвар таслим карданд. Онҳо бо таҳдиди таркондани ҳавопаймо аз халабонҳо хостанд, масири парвозро ба Эрон ё Сурия иваз кунанд.





Ҳавопаймои мусофирбари ширкати хусусии "Атлас-Ҷет"-и Туркия замоне рабуда шуд, ки аз Қибриси Шимолӣ ба Истамбул парвоз мекард ва якҷо бо халабонҳои 142 сарнишин дошт.

Тункай Доганер, мудири иҷроии ширкати "Атлас-Ҷет" гуфт: "Баъд аз он ки ҳавопаймо аз Қибрис парвоз кард ва дар ҳоле ки ба ҳарими ҳавоии Туркия ворид мегашт, нафаре ё як гурӯҳ ба зӯрҳӣ вориди кабинаи халабонҳо шуд. Сарвари халабонҳо бо онҳо музокира кард ва ҳавопайморо дар соати ҳашти субҳ дар Анталия бо амн фуруд овард."




Дар фурудгоҳи Анталия аз дари ақиб тақрибан ҳамаи мусофирон аз ҳавопаймо берун шуданд ва ҳатто ду халабон низ аз тирезаи кабина берун ҷаҳиданд ва фирор карданд. Дертар яке аз мусофирон гуфт, дар ҳоле ки рабояндагон дар қисмати пеши ҳавопаймо буданд, мо дари ақибро боз кардем ва онҳо натавонистанд, мудохила кунанд.

Дар бораи ҳувияти рабояндагон иттилои гуногун нашр шудааст, вале аксари манобеъ бар инанд, ки яке аз онҳо турк ва дигаре фаластиниест, ки шиносномаи сурёнӣ дорад. Полиси Туркия мегӯяд, онҳо вақте худро таслим карданд, ки дидан роҳе барои истифодаи ҳавопаймо надоранд.
XS
SM
MD
LG