Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Поёни нишасти сарони созмони Шонгҳай


Сарони кишварҳои узв дар Созмони ҳамкориҳои Шонгҳай (СҲШ) имрӯз дар Бишкек аввал дар ҳайъати маҳдуд ва сипас бо ширкати кишварҳои нозир ҷаласа оростанд. Нишастро раиси ҷумҳури Қирғизистон оғоз дода, гуфт, СҲШ набояд дар марзҳои минтақаӣ боқӣ монад, балки бо ниҳодҳои дигари ҷаҳонӣ вориди ҳамкорӣ шавад. Вай гуфт, фаъолияти СҲШ бар зидди ҳеч кишвари саввум нигаронида нашудааст, аммо созмон бояд ба масъалаи таъмини амният дар маҳдудаи худ диққати ҷиддӣ бидиҳад. Аммо президенти Русия Владимир Путин гуфт, созмон бояд ба ҳама гуна талошҳои ҳалли яктарафи масъалаҳои ҷаҳонӣ мухолифат кунад.




Президентҳои Чин, Тоҷикистон, Узбакистон ва Қазоқистону Қирғизистон дар бораи таҳкими амнияти минтақаӣ, густариши ҳамкориҳо дар риштаи инержӣ сӯҳбат карданд. Меҳмони нишаст, президенти Эрон, Маҳмуди Аҳмадинажод эълон кард, ки кишвараш метавонад, ҷаласаи вазирони нафту гази СҲШ-ро таъсис диҳад. Президенти Узбакистон Ислом Каримов изҳори нигаронӣ кард, ки вазъи ташаннуҷёбандаи Афғонистон ба ҳамаи Осиёи марказӣ таъсири манфӣ мерасонад. Аксари ширкаткунандагони нишаст аз размоишҳои муштараки СҲШ дар Русия истиқбол карданд.
XS
SM
MD
LG