Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тафсилоти навори видеои қатли ду инсон дар Русия


Дар навори дудақиқаӣ ду марди сиёҳмӯи даступобаста ва сари зону нишастаро дар як ҷангалистон дар зери як парчами дорои нишони нозӣ ё худ фашистӣ метавон дид.

Баъдан нафари севум зоҳир шуда, сӯи асирон қадам мезанад ва бо корд сари яке аз асиронро аз тан ҷудо мекунад. Нафари дувумро аз сараш мепарронанд ва ӯ ба қабре, ки тоза канда шудааст, сарозер мешавад.

Сипас ҳарду нафари ниқобпӯш дастони худро ба шеваи нозиён боло бардошта, ба истилоҳ, салют медиҳанд.

Ин наворро як созмони начандон шинохтаи миллатгароёни рус, мавсум ба Ҳизби миллӣ-сусиёлистии Русия дар Интернет гузоштааст. Навори видиёӣ ҳарду асирро ҳамчун «ишғолгарон аз Тоҷикистон ва Доғистон» муаррифӣ мекунад.

Ин барои нахустин бор нест, ки дар шабакаи ҷаҳонии Интернет чунин наворҳо дар бораи ҷиноёти марбут ба адовати қавмиву нажодӣ дар Русия пайдо мешаванд. Вале коршиносон мегӯянд, агар дар гузашта бахши аъзами чунин наворҳо сохта ба назар мерасид, навори ахир хеле воқеъӣ менамояд.

Владимир Прибиловский аз маркази таҳқиқотии «Панорама» дар Маскав мегӯяд: «Ин навори аввал нест. Чунин наворҳо пеш ҳам буданд. Вале, агар наворҳои қаблӣ бештар саҳнасозишуда буданд, дар бораи ин навори ахир чунин гуфтан душвор аст».

Ба дунболи сарусадо пайдо кардани қазия, навори қатли ду нафар, ки иддаъо мешавад, аз аҳли Тоҷикистон ва Доғистони Русия бошанд, аз Интернет ғайб зад. Танҳо чанд акси нусхабардоришуда аз ин навор боқӣ мондаасту тамом.

Дар ширкати «Суп», масъули бахши русии «Лайв Ҷорнэл» ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки онҳо ҳаққи сонсури матолиберо, ки, масалан, саҳнаи қатлро намоиш медиҳад, надоранд. Вале, афзудаанд онҳо, нашри наворе, ки адовати қавмиро барангезад, дар ин сомона манъ будааст.

Мақомоти додситонии Русия мегӯянд, феълан ба таҳқиқи ин ҳодиса оғоз кардаанд.

Аммо Светлана Ганнушкина, раҳбари маркази дастгирии шаҳрвандии паноҳандагон ва муҳоҷирони иҷборӣ, мегӯяд, мақомоти Русия дар мавриди таҳқиқи ҷиноёти марбут ба адовати қавмиву нажодӣ чандон саъйе ба харҷ намедиҳанд.

Хонум Ганнушкина мегӯяд: «Ҳар рӯз ба мо дар бораи ҳаводисе айни чунин ҳодиса хабар медиҳанд. Ин дар ҳоли ҳозир як чизи фарогир шудааст. Ва мо мебинем, ки мақомоти интизомиву додгоҳӣ ба ин ҳама чи гуна муносибат доранд. Ҳар дафъа бояд худро ба сад дару сад девор зад, то чунин парванда, нахуст, таҳқиқ ва, ниҳоят, гунаҳкоронаш муҷозот шаванд».

Нашри навори видиёии мазкур ҳамин тавр вокуниши шадидан манфии сафорати Тоҷикистон дар Маскав ва ҷамъиятҳои тоҷикони муқими Русияро барангехтааст.

Муҳаммади Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав, ба Радиои Озодӣ гуфт, баробари шунидани ин хабар сафири Тоҷикистон Абдулмаҷид Достиев ба мақомоти консулгарӣ дастур додааст, ки ба таҳқиқи ҷузъиёти ин ҳодиса пардозанд. Ӯ афзуд, ҳамчунин аз ҳама ҷамъиятҳои тоҷикони муқими Русия дархост шудааст, то дар роҳи ташхиси ҳувияти наворбардорони саҳнаи куштор кумак кунанд.

Шоҳин Самадов, сухангӯи созмони Муҳоҷират ва Ҳуқуқ, яке аз созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Маскав, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ изҳор кард, онҳо чунин аъмолро шадидан маҳкум карда ва умедворанд, ки мақомоти Русия қазияро мӯшикофона таҳқиқ хоҳанд кард. Шоҳин Самадов ҳамчунин гуфт, сарусадое, ки нашри ин навор дар Интернет ба вуҷуд овард, бар умедвории онҳо дар мавриди то охир таҳқиқ шудани ин ҳодиса ва мавридҳои дигари куштори афрод дар заминаи адовати миллӣ меафзояд.

Аммо Каромат Шарифов, раиси созмони «Тоҷик-диаспора, Лигаи миллии тоҷикони Русия» дар ин робита зиёд хушбин нест. Оқои Шарифов ба Радиои Озодӣ гуфт, созмони ӯ мавридҳои зиёди куштори шаҳрвандони Тоҷикистон аз сӯи гурӯҳҳои қавмгарои рус дар заминаи бадбинии қавмиву нажодиро сабт кардааст, вале дар бештари маворид чунин парвандаҳо то ба додгоҳ намерасанд.

Каромат Шарифов меафзояд, «Тоҷик-диспора» рӯзи 9-уми сентябр - дуруст дар рӯзи истиқлолияти Тоҷикистон - бахши дувуми филми мустанади «Фоҷиъаи тоҷикон дар Русия»-ро ба маърази намоиш хоҳад гузошт, ки чандин мавриди рӯи навор омадаи латукӯб ва ҳатто як мавриди видиёии куштори шаҳрвандони Тоҷикистон ба дасти гурӯҳҳои қавмгарои русро гунҷонидааст. Каромат Шарифзода мегӯяд, навори ахиран дар Интернет пайдошуда низ як шаҳодати дигарест, ки бармалокунандаи ин ҳақиқати талх - бепуштибонии муҳоҷирин, аз ҷумла муҳоҷирини тоҷик дар муқобили падидаи рӯ ба афзоиши бадбинии қавмӣ ва нажодӣ дар Русия - мебошад.
XS
SM
MD
LG