Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Роҳи Корвон" дар Тоҷикистон нерӯгоҳ месозад


Як ширкати муштараки эрониву тоҷикистонӣ бо номи «Роҳи корвон» барандаи музояда ва ё тендер барои эҳдоси 8 неругоҳи хурди тавлиди барқ дар қаламрави Тоҷикистон шудааст.


Бино ба иттилоъи Маркази иҷрои тарҳҳои энержии Тоҷикистон, дар музояда барои бунёди неругоҳҳои хурди барқӣ панҷ ширкати маҳаллӣ ва як ширкати эронӣ ширкат намуданд. Бонки исломии рушд, ки сармоягузори тарҳи бунёди неругоҳҳои хурди тавлиди барқ дар Тоҷикистон аст, ширкати муштараки « Роҳи корвон»-ро баргузидааст.


Қарор аст, иҷрои тарҳи ёддшуда аз моҳи сентябри соли равон оғоз ёбад.


Зарфияти умумии 8 неругоҳи хурди барқии мавриди назар баробар 8 ҳазор киловатт соат мебошад ва ин неругоҳҳо дар навоҳии Айнӣ, Турсунзода, Нуробод ва Балҷувону Шаҳринав бунёд мегарданд. Ҳазинаи тарҳи сохтмони неругоҳҳои ҳурди барқӣ 10 миллион долари амрикоӣ таъйин шудааст ва қарор аст, онҳо моҳи марти соли 2009 мавриди баҳрабардорӣ қарор гиранд.
XS
SM
MD
LG