Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикояти Ширин Ибодӣ аз нақзи ҳуқуқ дар Эрон


Барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел Ширин Ибодӣ ба Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид дар робита ба боздошти, ба гуфтаи ӯ, бидуни далели донишманди эронитабори амрикоӣ Ҳолеҳ Исфандиёрӣ шикоят бурд. Вай раҳоии фаврии шахси таҳти ҳимояташ ва бозрасии озоди қазияро талаб кард. Дар ин нома омадааст, ки Исфандиёрӣ бо иттиҳоми талоши халалдор кардани амнияти Эрон се моҳ аст, дар ҳуҷраи танги маҳбас ба сар мебарад.


Ҳамзамон Созмони гузоришгарони бидуни марз аз мақомоти Эрон даъват кард, хабарнигор Суҳайли Осифиро озод кунанд. Осифӣ 4 август дар Теҳрон боздошт шуда, то имрӯз аҳли хонавода ва вакилони мудофеъ дар бораи макони будубоши ӯ иттилоъ надоранд. Гузоришгарони бидуни марз изҳор кард, тайи ҳафтаи ахир Осифӣ савумин хабарнигор аст, ки аз сӯи мақомоти Эрон дастгир мешавад. Дирӯз ҳамчунин нашри рӯзномаи мустақили «Шарқ" боздошта шуд. Соли равон бори дувум аст, ки мақомот аз идомаи нашри ин рӯзнома ҷилавгирӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG