Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурҷистон Русияро "таҷовузгар" номид


Вазири корҳои дохилии Гурҷистон Вано Меробишвилӣ мегӯяд, шоми дирӯз ду ҳавопаймои Русия вориди ҳарими ҳавоии кишвараш шуда, ба қаламрави Гурҷистон як мушак парофтаанд. Вай ин ҳодисаро "амали таҷовузгарона" номид. Меробишвилӣ афзуд, ҳавопаймоҳо аз Русия вориди Гурҷистон шуда, сипас боз ба Русия баргаштаанд.



Аммо мақомоти расмии Русия ин иттиҳомро рад карданд ва мегӯянд, ҳавопаймоҳои Русия дар ду рӯзи охир дар ин минтақа ҳеч гуна парвозе анҷом надодаанд. Дар гузашта низ Тифлис борҳо Русияро ба нақзи ҳарими ҳавоии Гурҷистон айбдор кардааст, вале ҳодисаи ахир ба муносибатҳои бе ин ҳам мушкили миёни ду кишвар таъсири манфӣ хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG