Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари илмӣ ё ишғоли қаламрав?


Ахиран Русия танқидҳои марбут ба сафари илмии худ ба Уқёнуси Яхбастаи Шимолиро рад кард.


Дар ҷараёни як сафари илмӣ ба бистари уқёнус дар Қутби Шимолӣ парчами миллии Русия насб карда шуд.


Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров мегӯяд, кишвараш аз танқидҳои байнулмилалӣ, ки гӯиё мехоҳад ҳаққи худро ба нафти ин минтақа эълом дорад, воқеан дар шигифт аст. Вай афзуд, кашшофон дар саросари ҷаҳон одат доранд, дар ҷои кашфшуда ҳамеша парчам устувор кунанд.


Вале, дар ҳамин ҳол, вазири умури берунаи Конодо Питер Маккей сафари илмии Русияро як намоиш номид ва гуфт, ки парчамзанӣ маънии ишғоли қаламравро дорад.
XS
SM
MD
LG