Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокунишҳо ба ёриҳои низомии Амрико дар Ховари Миёна


Кондолиза Райс пас аз дидор бо ҳамтои мисриаш Аҳмад Абулғайт гуфт: «Иёлоти Муттаҳида мехоҳанд муттаҳидини худро итминон диҳанд, ки мо ба тааҳҳудоти худ дар роҳи расидагӣ ба ниёзмандиҳои амниятии онҳо пойбандем. Мо дар ин минтақа дар роҳи мубориза зидди терроризму тундгароӣ ва дифоъ аз дастовардҳои ҷараёнҳои гузаштаи сулҳ, ҳамчунин таҳвили ин дастовардҳо ба равандҳои ояндаи сулҳ манфиатҳои зиёди муштарак дорем».

Маҷмӯъаи кумакҳои мазкур, аз ҷумла 30 миллиард доллар ёрии низомӣ ба Исроил дар зарфи 10 соли ояндаро дар бар мегирад. Ба ин тартиб, кумакҳои низомии Амрико ба Исроил ба хотири, ба таъбири вазорати хориҷаи Амрико, таъмини бартарии низомии ин кишвар, 25 дарсад хоҳанд афзуд.

Дар давоми ин муддат ёриҳои низомии Амрико ба Миср 13 миллиард долларро ташкил хоҳанд дод. Зимнан фурӯши таслиҳот ба Арабистони Саъудӣ ва дигар кишварҳои арабии канори халиҷи Форс низ дар назар дошта шудааст.

Дар ҳамин ҳол Кондолиза Райс ҳаҷми кумакҳо ба ин ду кишварро мушаххас накард, вале, бино ба гузоришҳои расида, маблағи қарордодҳои фурӯши таслиҳот, аз ҷумла сипарҳои дифоъи зиддимушакӣ ва киштиҳои ҳарбӣ, ба давлатҳои арабӣ метавонад ҳудудан 20 миллиард долларро ташкил диҳад.

Хонум Райс гуфтааст, ки ин кумакҳо ба хотири ташвиқи он кишварҳо ба мушорикати бештар дар роҳи ҳалли масоили Ироқ ироъа намешавад. Вале ӯ афзуд, ки Амрико ва муттаҳидинаш дар Ироқ як ҳадафи умумиро дунбол мекунанд - ва онҳам таъмини субот дар ин кишвари ҷангзада аст.

Онгуна ки интизор мерафт, Эрон ин иқдомотро ба боди танқид кашид ва Вошингтонро муттаҳам кард, ки мехоҳад бо қарори афзоиши фурӯши таслиҳоташ дар минтақа тухми тарсу ҳарос бикорад. Вале вазири хориҷаи Амрико ин интиқодотро радд кард ва таъкид кард, ҳар бесуботие, ки инҷо рух медиҳад, пушташ метавонад режими Эрон бошад.

Ба назари бархе аз коршиносони масоили сиёсӣ, ин маҷмӯъаи кумакҳои низомӣ метавонад авоқиби ногуворе дар пай дошта бошад - то дараҷае, ки сабқати мусаллаҳшавиро дар минтақа авҷ диҳад.

Дар Амрико назарҳо, бахусус нисбат ба қарори фурӯши аслиҳа ба Арабистони Саъудӣ, зиддуннақизанд. Аз ҷумла ба далели ин нигарониҳо ҳам, ки Саъудия ҳамчунон мухолифони давлати таҳти раҳбарии шиъиён дар Ироқро таъмини молӣ карда, ҷиҳати пешгирӣ аз вуруди тундравони суннӣ ба он кишвар тамоми кореро, ки аз дасташ меояд, анҷом намедиҳад. Дар ҳамин росто, ахиран Залмай Халилзод, сафири Амрико дар Ироқ, Арабистони Саъудиро танқид карда буд, ки ҷиҳати кумаки Ироқ ба таври бояду шояд дар ин кишвар амал намекунад.

Аммо Вейд Боз, мудири таҳқиқотии Иттиҳодияи назорати таслиҳот, мегӯяд, суол ин аст, ки оё чунин фурӯши аслиҳа дар воқеъ аз аҳдофи дарозмуддати Амрикост ё хайр: «Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз соли 1991 ба ин сӯ таъминкунандаи аслии аслиҳа барои Арабистони Саъудӣ буд. Аммо он Саъудӣ то кунун бунёдгароиро, ки дар марзаш вуҷуд доштаву аслан алайҳи Амрико нигаронида шудааст, шикаст надод. Дар Арабистони Саъудӣ ҳанӯз ҳам бунёдгароиро таҳаммул мекунанд, чунки он мустақиман зидди онҳо нест. Аз ин рӯ, ҳар кас метавонад ин суолро кунад, ки оё фурӯши таслиҳоти мо ба кишварҳои дигар амалан ба хотири харидани нуфуз дар минтақа ва муттаҳидину сиёсатҳое, ки мо дунбол мекунем, нест?»

Кумаки низомии Амрико ба ҳампаймонҳояш дар Ховари Миёна бояд то гузаштанаш ба маърази иҷро як марҳалаи дигарро, яъне тасвиби Конгрессро, убур кунад. Бархе аз аъзои Конгресс ҳамакнун гуфтаанд, ки мехоҳанд ба онҳо итминони хотир дода шавад, ки ин бастаҳои кумакҳо ҳомили танҳо таслиҳоти дифоӣ хоҳанд буд, на таҳоҷумӣ.
XS
SM
MD
LG