Музаффар Бобоев, муҳоҷири тоҷик ҳангоми истироҳат дар яке аз кӯлҳои Алмаато ғарқ шуд.
Ба гуфтаи муфаттиши шӯъбаи бозҷуии идораи дохилаи ноҳияи Қаросуи остони Алмаато Даврон Кутбонов ин воқиаи нохуш дар кӯли шаҳраки селексия дар канораи Алмаато рух додааст. Музаффар барои оббозӣ ба кул медарояд ва ҳангоми бо болун шино кардан болун чаппа шуда вай ғарқ мегардад.
Оқои Кутбонов сабаби асосии ба ҳалокат расидани муҳоҷири тоҷикро қабл аз ҳама аз мастӣ медонад. Бар илова вай шиновариро низ ёд надоштааст.
Яке аз шоҳидони воқиа Александр Белоусов ном ҷавон мегӯяд, ки Музаффар маст буд ё ҳушер барояш торик аст. Вале ба гуфтаи вай Музаффар бо ду ҷавонмарду як русдухтар барои истироҳат омада буданд ва ӯ аз Александр барои шиноварӣ баллон пурсида бо он то кариб сад метр аз соҳил дур меравад. Александр иброз медорад, ки вай такрибан ягон соат бо баллон шино кард ва баъд пеши чашми онон ин воқиа рух дод. Гӯё вай бо баллон ҷаҳид ва ё гуё шино кардан хост, ва ё шояд чаппа шуд, вале вай доду фарёд накарда якбора гарк шуд.
Александр мегӯяд, ки аввал ба назарашон чунин намудааст, ки Музаффар бо дӯстони дар соҳил будааш шӯхӣ мекунад, вале баъди лаҳзае дигар чун ба рӯи об намебарояд, Александр ва дӯстонаш ба ёрӣ мешитобанд, вале дар он ҷой ӯро пайдо карда наметавонанд. Ба гуфтаи Александр, агар Музаффар доду фарёд карда онҳоро ба ёрӣ мехонд, имкон дошт онҳо наҷоташ медоданд.
Ҷасади Музаффарро баъди 2 руз кормандони ниҳоди ҳолатҳои фавқулодда пайдо мекунанд.
Ба гуфтаи ҳамдиёрони Музаффар вай ҳамагӣ 2 моҳ кабл барои ҷустуҷӯи пораи нон барои худу аҳли хонаводааш ба Қазоқистон омада буд . Вай баъди оворагиҳои зиёд дар каҳвахонаи шаҳраки «50 солагии Қазоқистон» дар канораи Алмаато кабобпаз мешавад. Вале ин муҳоҷират барои Музаффар охирин гардид ва бе бозгашт.
Музаффар Бобоев ҳамагӣ 32 сол дошт ва вай ба гуфтаи ҳамдиёронаш мехост, ки баъди пайдо кардани маблағе барои дидани аҳли хонавода ва 2 фарзанди кӯчакаш ба деҳаи Чорбеди Варзоб биравад, вале ин орзуи муҳоҷири тоҷик ҳамроҳаш ба хоки ғурбат рафт.
Ба гуфтаи Муртазо Рауфов, як тан аз муҳоҷирони тоҷик, ки чун даҳҳо нафар ҳамдиёронаш дар маросими ба хок супоридани Музаффар дар Алмаато ширкат дошт, онон масрафи корҳои ҷустуҷуӣ ва ба хок супоридани ҳамдиёрашонро пардохта ҳамчунин ба хонаводаи вай ёрипулие ирсол карданд