Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости CPJ аз раиси ҷумҳури Тоҷикистон


Кумитаи дифоъ аз журналистон (CPJ) аз ислоҳи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, ки буҳтон ва паст задани шаъни инсон дар интернетро ҷиноят медонад, ибрози нигаронӣ кардааст.


CPJ, ки ситодаш дар Ню Йорк аст, мегӯяд, ин иқдоми вакилони мардумии Тоҷикистон монеъи рушди озодии баён хоҳад шуд ва аз ин рӯ аз раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хостааст, то тарҳи ислоҳи Кодекси ҷиноӣ дар робита ба ин мавзӯъро имзо накунад.


Мудири иҷроияи CPJ Ҷол Симон зимни як баёнияи расмӣ аз раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон даъват кард, то тарҳи ислоҳшудаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистонро напазирад, зеро, ба гуфтаи вай, тарҳи нав навиштани гузоришҳои танқидӣ ва шарҳ дар сомонаҳои хабарии интернетиро низ ҷиноят арзёбӣ мекунад.


Дар ҳамин ҳол ӯ аз давлати Тоҷикистон тақозо кардааст ҳамаи он бандҳои Кодекси ҷиноии Тоҷикистонро, ки дар онҳо таҳқиру буҳтон ва паст задани шаъни инсон ҷиноят талаққӣ мешавад, лағв кунад. «Хабарнигоронро набояд барои корашон ба зиндон андохт» - таъкид кардааст Ҷол Симон дар номаи худ.


Ин ҳам дар ҳолест, ки Маҷлиси Миллии Тоҷикистон дар ҳафтаи гузашта ду банди қонуни кайфарии кишварро ислоҳ кард ва акнун тибқи он буҳтон ва паст задани шаъни инсон аз ҷумла дар интернет низ ҷиноят маҳсуб мешавад ва барои он ҷаримаҳои калони моддӣ (1000 маоши ҳадди ақалл) ва то 2 соли зиндон ҷазо муқаррар шудааст.

Тоҳири Сафар, Прага.
XS
SM
MD
LG