Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сиёсатмадори маҳбуси тоҷик паноҳгоҳи сиёсӣ мехоҳад


Рустам Файзиев, муовини раиси ҳизби сабтиномнашудаи Тараққиёт, ки феълан дар зиндони Хуҷанд ба сар мебарад, аз маҳбас номае ирсол карда ва хостори мусоидати ҷомeаи байнулмилалӣ ҷиҳати ҳалли парвандаи худ шудааст. Раҳбарони Ҳизби тараққиёт мегӯянд, оқои Файзиев ин номаро ҳанӯз моҳи декабр навиштааст, вале танҳо акнун, баъди 8 моҳ, муяссар шуда, ки номаи ӯ аз девори зиндон берун ояд.


Рустам Файзиев бо ҷурми таҳияи мусаввадаи нома ба Додгоҳи байнулмилалии Гаага, ки дар он раисиҷумҳури Тоҷикистонро ба як силсила ҷиноёт муттаҳам мекард, ҳанӯз 2 сол пеш ба 5 солу 10 моҳи зиндон маҳкум шуда буд.


Дар ҳоле ки Рустам Файзиев ва тарафдоронаш ин парвандаро ҳомили ангезаҳои сирф сиёсӣ меноманд, ӯ дар номааш аз вазъи сиҳатиаш шикоят бурда, навиштааст, ки феълан ба сактаи дил гирифтор шудааст. Ҳамчунин дар номаи оқои Файзиев омадааст, ки ҳангоми тафтиши манзили истиқоматиаш моликияти зеҳнии ӯро мусодира карда, бозпас нагардондаанд ва ҳамзамон 500 доллари амрикоиву ҳудуди 300 сомониашро низ рабудаанд.


Рустам Файзиев ҳамчунин навиштааст, ки алҳол аҳли хонаводааш бидуни манзил мондаанд ва фарзандонаш низ бинобар камбуди молӣ аз таҳсил даст кашидаанд. Рустам Файзиев ҳамчунин навиштааст, дар баробари ин ҳама беадолатиҳо дигар наметавонад дар Тоҷикистон ба сар барад ва аз сафоратхонаҳои муқими Душанбе хоҳиш кардааст, то кишварҳояшон барои ӯву хонаводааш паноҳгоҳи сиёсӣ диҳанд, чун амнияти пайвандонаш дар Тоҷикистон таъмин нест.


Дар поёни номааш оқои Файзиев аз мақомоте, ки номаашро дарёфт хоҳанд кард, хоҳиш кардааст, ин номаро ба унвони изҳороти расмӣ арзёбӣ намоянд.


Дар ҳамин ҳол мақомоти расмии Тоҷикистон аз шарҳи номаи кушодаи Рустам Файзиев худдорӣ меварзанд.
XS
SM
MD
LG