Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 10 нафар дар обхезии Ашт


Дар пайи як селхезӣ дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд садҳо хонаҳо тахриб дида, чандин нафар ҳалок гардиданд. Ҳодиса дирӯз тақрибан дар соати 14-у 45 дақиқа дар деҳаҳои Олма ва Ошобаи ноҳия ба вуқӯъ пайвастааст.


Чунонки Илҳоми Ҷамолиён, котиби матбуотии раиси вилояти Суғд, хабар медиҳад, сел манзилҳои зиёди одамон ва биноҳои маъмуриро шуста бурдааст, ва, дар баробари хисороти зиёди молӣ, мутаассифона, талафоти ҷонӣ ҳам ба ҷой гузоштааст.


Илҳоми Ҷамолиён афзуд, ки, дар натиҷаи фалокати табиӣ 10 нафар ҳалок ва 4 тани дигар ҳам бе ному нишон шудаанд. Феълан аз шумори ҳалокшудагон шахсияти 8 нафар дақиқ шудааст. Тибқи маълумоти пешакӣ, дар натиҷаи фаромадани сел 25 хонаи истиқоматӣ комилан ва зиёда аз 100 бино қисман тахриб дидаанд.


Дар ҳамин ҳол, зиёда аз 6 километр роҳи автомобилгард, 14 километр хатти оби нӯшокӣ, 1 километр хатти барқ, симчӯбҳои зиёд ва 4 адад трансформатор хароб гардидаанд.


Гуфта мешавад, барои бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ дар ҳоли ҳозир дар ноҳияи Ашт таҳти сарварии муовини аввали раиси вилоят ситоди вижа ташкил шудааст. Худи ҳамин рӯз Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Суғд, ва Масаид Ҳамидов, Вазири мелиоратсия ва захоири оби Тоҷикистон, аз ҷои ҳодиса бевосита дидан карданд ва дар маҷлиси ситоди фаврӣ ба роҳбарони ташкилоту ташкилоту идораҳои дахлдор ҷиҳати рафъи масоили мавҷудаи авоқиби офат ва ба эътидол овардани вазъият супоришҳои фаврӣ доданд.


Бино бар гуфтаи котиби матбуотии раиси вилояти Суғд, феълан ба оилаи ҳар як қурбоншуда ба миқдори 1000 сомонӣ ва ба ҳар як ҷароҳатбардошта 500 сомонӣ кумак карда шудааст.


Ин ҳам дар ҳолест, ки созмонҳои байнулмилалии хайриявӣ, аз ҷумла «Ҳилоли аҳмар», «Салиби сурх», Барномаи озуқаи СММ, ки намояндагонашон ба ҷои ҳодиса ҳозир шудаанд, аз омодагии худ дар расонидани кумакҳои лозима эълом доштаанд.
XS
SM
MD
LG