Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Занони афвшударо дар озодӣ чи интизор аст?


Як зани ба озодӣ баромада дар суҳбат ба родиюи «Озодӣ» гуфт: «Хурсандам, ки аз зиндон озод шудам ва ба назди кӯдаконам баргаштам, аммо бисёр хаста шудаам ва намехоҳам ҳеҷ касро бинам. Саволҳову нигоҳҳои мазамматомези одамон манро дилсард мекунад».

Ин зан мегӯяд, мушкилоте, ки ӯро имрӯз берун аз деворҳои оҳанини маҳбас домангир гаштааст, тоқатфарсотар аз мушкилоти зиндон аст.

Қиматгул Алибердиева, муовини раиси Кумитаи давлатии кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон, дар робита ба ин мавзӯъ гуфт, феълан Кумитаи занон дар роҳи кумак ба маҳбусзаноне, ки мавриди авф қарор гирифтаанд, чанд барномаро, аз қабили солимгардонӣ, касбомузӣ ва бо ҷои кор таъмин кардани онҳо, рӯи даст гирифтааст. Хонум Алибердиева афзуд: «Мо бо ҳар кадоми онҳо вохӯрда, суҳбат кардем ва аз мушкилоти феълии онҳо огоҳ гардидем. Аммо вазифаи аввалину аслии мо ин аст, ки ин занҳоро бо ҷои кор таъмин кунем, то онҳо ба худ боварӣ пайдо кунанд».

Аммо коршиносон бар ин назаранд, ки мақомоти давлатиро лозим аст, то бо такя ба таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байнулмиллии молӣ дар роҳи кумак ба маҳбусзаноне, ки ба озодӣ мебароянд, тадбирҳои мушаххас андешанд.

Дар ҳамин ҳол, Моҳираи Аҳмад, як рӯзноманигори тоҷик, дар робита ба ин масъала чунин ибрози назар кард: «Ман бо яке аз чунин занҳо, ки бо чанд грамм ҳероин боздошт шудаву ба маҳбас афтода ва ахиран авф шуда буд, суҳбат кардам ва вай ба ман гуфт, ки, агар медонист, ки атрофиён ӯро намебахшанд ва як умр зери таънаву маломат қарор мегирад, чунин озодиро қабул намекард».

Дар ин маврид модари яке аз занони тоза аз маҳбас озодгашта мегӯяд, ки тайи 2 соли дар зиндон ба сар бурдан духтараш саломатии худро куллан аз даст додааст, аммо аз суолу нигоҳҳои кунҷковонаву таҳқиромези атрофиён ба танг омада, дар кунҷи хона панаҳ бурдааст ва ҳатто барои табобат ба меморхона рафтанро ба худ раво намебинад: «Саломатии духтарам бисёр бад аст аст, вале ӯ намехоҳад ба назди духтур равад. Дилам бисёр ба ҳолаш месӯзад».

Ҳоло суъоли матраҳ ин аст ва он ҳамоно боз хоҳад монд, ки оё занони собиқ зиндонӣ аз баромаданашон ба озодӣ чи қадр розиву хурсанд ҳастанд ва то куҷо имкон дорад, ки онҳо ҷову мақоми худро дар ҷомиъа пайдо кунанд?
XS
SM
MD
LG