Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маскав: "Лондон посухи сазовор хоҳад гирифт"


Мақомоти Русия эълом доштанд, ки ба тасмими Лондон дар мавриди хуруҷи чаҳор дипломати рус посухи сазовор хоҳанд дод.


Дирӯз Лондон дар мавриди берун кардани чаҳор корманди сафорати Русия аз кишвар тасмим гирифт. Вазири хориҷаи Британия Дэвид Милибанд дар парлумони Британия гуфт, ки Лондон ҳамчунин музокирот бо Маскав дар чанд мавзӯъ, аз ҷумла, дар робита ба осонтар кардани дарёфти раводидро мутаваққиф мекунад.


Ин чораҳо посух ба сарпечии Русия барои истирдоди афсари собиқи Хадамоти федеролии амнияти кишвар Андрей Луговой – гумонбари аслии куштори Александр Литвиненко ба Лондон аст. Александр Литвиненко шаҳрванди Британия ва собиқ корманди Хадамоти федеролии амнияти Русия моҳи ноябри соли гузашта бар асари заҳролудшавӣ аз полониум аз дунё даргузашт.


Таҳлилгарон мегӯянд, ки моҷарои марбут ба қазияи куштори Александр Литвиненко ихтилофи дипломатии миёни Лондон ва Маскавро ҳарчӣ бештар жарфтар месозад ва ин шояд фардо ба равобит дар дигар бахшҳо, аз ҷумла, ба равобити иқтисодӣ таъсири амиқ гузорад.
XS
SM
MD
LG