Ташхисгоҳи Марказии мубориза бо AIDS-и Тоҷикистон ба таҷдид, маблағгузорӣ ва мутахасисони бештари ботаҷриба ниёз дорад. Ин нукта дар як ҳамоиши минтақавии пизишкони мутахассиси ин соҳа, ки дар Душанбе доир гашт, баён гардид.
Мутахасисону ташхисгарони соҳибтаҷриба аз Қазоқистону Қирғизистон, ки бо пуштибонии молии Созмони ҷаҳонии беҳдошт барои омӯзонидани мутахасисони тоҷик дар соҳаи ташхиси дақиқу босифати вируси HIV дар хуни одам ба Тоҷикистон омадаанд, дар ин ҳамоиш бо истифода аз таҷрибаи худ дар ин самт ба ҳамкасбони тоҷикистонии худ маслиҳатҳои амалӣ доданд.
Светлана Василева, як мутахассиси қирғизистонӣ дар суҳбат бо радиои «Озодӣ» гуфт: «Гарчанд маркази ҷумҳуриявии мубориза бо Спиди Тоҷикистон то андозае бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз аст, аммо мушкилоте аз қабили куҳнаву фарсуда будани бинои ташхисгоҳ, пайваста кор накардани васоили мухобиротӣ ва камбуди барқ ба кори ин ташхисгоҳ халали ҷиддӣ мерасонад».
Дар ҳамин ҳол Татяна Анварова аз Қазоқистон мегӯяд, тибқи барномаи сафарашон, ки 4 рӯз тул мекашад, онҳо бояд ҳамтоёни тоҷикистонии худ дар Душанбе ва манотиқи дурдасти Тоҷикистонро бо фанновариҳои муосири ин соҳа шинос намоянд ва таҷрибаи амалии худро ба онҳо омӯзонанд.
Бар асоси иттиллоъи Маркази ҷумҳуриявии мубориза бо HIV AIDS, дар ҳоли ҳозир расман 756 нафар гирифторони ин вирус ва мараз расман ба қайд гирифта шудаанд. Аммо мутахассисони соҳа бар онанд, ки арқоми расмӣ нишондиҳандаи аслии паҳншавии ин беморӣ дар Тоҷикистон набудааст ва шояд теъдоди гирифторони HIV AIDS дар кишвар ба маротиб бештар бошад.