Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моҷарои Русия ва Бритониё


Таври маълум баҳс аз парвандаи қатли Александр Литвиненко, собиқ афсари хадамоти ҷосусии Русия сар шуда буд. Баъд аз як таҳқиқ мақомоти Бритониё соҳибкори рус Андерй Луговойро гумонбари асосии ин куштор номиданд ва аз Русия истирдоди ӯро хостанд. Маскав гуфт, Луговойро ба дасти мақомоти Бритониё супурда наметавонад, зеро қонуни асосии Русия чунин иҷозаиро намедиҳад. Ин буд, ки дабири умури хориҷии Бритониё Дейвид Милибанд гуфт, ҳукуматаш илоҷи дигаре ҷуз иттихози чораҳои сахттар надорад. Ба ин тартиб, Бритониё мегӯяд, чаҳор дипломати Русияро ихроҷ мекунад, режими раводидро барои шаҳрвандони Русия мавриди бознигарӣ қарор медиҳад ва агар Луговой ба ҳар кишваре сафар кунад, Бритониё истирдоди ӯро аз кишварҳои саввум талаб хоҳад кард. Милибанд дар бораи сабабҳои чунин тасмим ин тавр гуфт:

"Бо назардошти аҳамияти масъала ва сарпечии Русия аз ҳамкорӣ барои ёфтани ҳалли он, мо ба посухи муносиб ниёз дорем. Мақсади мо рӯшан аст: Якум, пешбурди раванди адлия, дувум ба Русия расондани пайомадҳои сарпечӣ аз ҳамкорӣ ва савум, таъкиди таваққӯи мо ба ҳифзи амнияти шаҳрвандон ва меҳмонони Бритониё."

Маскав дар ҷавоб Лондонро айбдор кард, ки дастба "аъмоли иғвогарона" мезанад. Бархе аз мақомоти Русия мегӯянд, агар ҳатто тарафи бритониёӣ далелҳои раднопазир дорад, бояд онҳоро ба Маскав диҳад ва муҷозоти гунаҳкорро кори Русия шуморад.

Сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Русия Михоил Каминин таҳдид кард, ки ба ин иқдомоти Бритониё кишвараш посухи шадид хоҳад дод. Вай гуфт, "мавзеъгирии Лондон ғайриахлоқист ва гузашта аз ин тасмими мақомоти Бритониё иғвогарона аст ва ба ҳеч ваҷҳ беҷавоб гузошта нахоҳад шуд. Вай афзуд, ин суханон аз тарафи вазири умури берунаи Русия ба ҳамтояш телефонӣ расонда шудаанд ва вазир гуфтааст, оқибати ин тасмими Лондон барои муносибатҳои дуҷониба ҷиддӣ хоҳад буд."

Каминин Бритониёро айбдор кард, ки амдан қазияро сиёсӣ мекунад ва бо ин роҳ ба сарпечии худаш аз истирдоди соҳибкор Борис Березовски ва намояндаи ҷудоихоҳони чечен Аҳмад Закаев далел меёбад.
XS
SM
MD
LG