Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намоишҳои эътирозӣ дар Покистон


ФФ

Имрӯз ҳазорон нафар дар шаҳрҳои мухталифи Покистон алайҳи амалиёти маъмурони амниятии кишвар дар масҷиди Лаъли Исломобод, ки дар ҷараёни он амалиёт беш аз 80 нафар кушта шуданд, даст ба тазоҳурот заданд.


Ҳамин тариқ, дар Карочӣ, бузургтарин шаҳри Покистон, тазоҳургарон раъиси ҷумҳур Парвиз Мушаррафро барои амалиёти зидди ошӯбгарони масҷид шадидан маҳкум карданд. Дар шаҳрҳои Исломобод, Лоҳур ва Пешовар низ алайҳи амалиёти ахири низомии ҳукумат бо ширкати ҳазорон нафар тазоҳуроти эътирозӣ баргузор гардид.


Гуфта мешавад, ин тазоҳуроти эътирозӣ дар пайи он сурат гирифтанд, ки рӯзи панҷшанбе раъисиҷумҳур Парвиз Мушарраф амалиёти низомӣ алайҳи ошӯбгарони масҷиди Лаълро бино бар ба маркази ифротгароёни исломӣ табдил ёфтанаш ногузир номида буд.
XS
SM
MD
LG