Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико аз Ироқ баромаданӣ нест


Авзоъи феълии Ироқ сабаб гаштааст, то дар ИМА ҳарчи бештар аз зарурати хурӯҷи нерӯҳои Амрико аз Ироқ мавриди баҳс қарор гирад.


Рӯзномаи «Ню Йорк Таймс» дар ин робита менависад, ҳоло барои Иёлоти Муттаҳида беҳтарин фурсатест, ки ҳама гуна амалиёти нерӯҳои низомии худро дар Ироқ қатъ кунад ва артиши худро аз минтақа барорад.


Дар моҳи сентябри имсол президенти кишвар Ҷорҷ Буш бояд дар сенати Амрико аз пешрафти барномаи истиқрори амният ва таҳкими демократияи Ироқ гузориш диҳад.


Гуфта мешавад, дар ин байн пуштибонии ҳатто ҳамҳизбиёни ҷаноби Буш аз сиёсати Амрико дар Ироқ рӯ ба коҳиш аст. Аммо дар ҳамин ҳол ҳукумати Амрико мегӯяд, хуруҷи нерӯҳо алҳол ҷое дар дастури кори он надорад.
XS
SM
MD
LG