Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди ноиби сарвазири Русия аз Роғун


Қарор аст дар ҷараёни сафари Сергей Наришкин муовини нахуст вазири Русия ба Тоҷикистон тарҳи нави қарордоди такмили сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун мавриди баррасӣ қарор гирад.


Ин мақоми баландпояи русӣ имрӯз, нуҳӯми июл бо ин ҳадаф вориди пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе шудааст. Бино ба иттилоъи дафтари раиси ҷумҳурии Тоҷикистон оқои Наришкин баъд аз вуруд ба Тоҷикистон озими маҳали сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Сангтуда - 1 шуд ва қарор аст ӯ зимни ин сафар ҳамчунин аз нерӯгоҳи Роғун, 100 километрии шарқи шаҳри Душанбе, низ боздид намояд. Баъд аз зуҳри имрӯз муовини нахуст вазири Русия дар шаҳри Душанбе бо президенти Тоҷикистон дидору мулоқот анҷом медиҳад.



Гуфта мешавад, меҳвари аслии ин мулоқотро баррасии тарҳи нави созишномаи тарафайн роҷеъ ба идомаи сохтмони неругоҳи барқи обии Роғун ташкил хоҳад дод. Ин дар ҳолест,ки бар пояи маълумоти дафтари матбуоти раиси ҷумҳурии Тоҷикистон интизор меравад, корҳои сохтмонӣ дар ин неругоҳ аз моҳи сентябри соли равон оғоз ёбанд.
XS
SM
MD
LG