Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ишғоли Шӯрнова аз тарафи марзбонони узбак


Сокинони як рустои марзии Тоҷикистон ба мақомоти расмии кишвари худ шикоят бурдаанд, ки марзбонони Ӯзбакистон онҳоро аз 500 гектар замини кишту чарогоҳ маҳрум кардаанд.


Сокинони як рустои марзии ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд, воқеъ дар шимоли Тоҷикистон мегӯянд, ки як ҳафта боз аст, марзбонони Ӯзбакистон намегузоранд, ки онҳо ба киштзору чарогоҳҳояшон ворид бишаванд.


Мақомоти расмӣ, агарчӣ арзи сокинони ин русторо шунида бошанд ҳам, посухи рӯшане ба онҳо надодаанд. Баъзе аз қитъaҳои марзи Тоҷикистону Ӯзбакистон то кунун аломатгузорӣ нашудааст ва ҳарду кишвар онҳоро қаламрави худ мешуморанд. Азбаски Узбакистон чунин қитъаҳоро минагузорӣ кардааст, ҳар сол даҳҳо нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба ин минаҳо бархӯрда, ба ҳалокат мерасанд ё маъюб мегарданд.
XS
SM
MD
LG