Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи даъвои Талко ва РусАл


ақ

Ширкати алюминийи тоҷик - Талко бо интишори як баёния таъйид кардааст, ки ширкати русии РусАл дар расонидани хисора ба ин ширкат бо ширкати Ансол ҳамдаст аст ва новобаста аз қарори додгоҳи Ландан даъвои худро дар додгоҳ алайҳи РусАл идома хоҳад дод.



27-уми июни соли равон додгоҳе дар Лондон иддаои ширкати алюминийи тоҷик, ки РусАл-ро дар канори ширкати Ансол бар сирқати ҳудуди панҷсад миллион доллари Талко муттаҳам мекард, рад карда буд.
Дар баёнияи нави Ширкати алюминийи тоҷик аз қавли додраси додгоҳи Ландан ишора шудааст, ки Талко барои ба додгоҳ кашидани РусАл фурсатро аз даст додааст.


Ба навбати худ ширкати Ансол Ҳукумати Тоҷикистон ва корхонаи арзизро барои нақзи муқарароти тиҷоратӣ ба додгоҳ кашида ва дар мурофиаҳои додгоҳӣ, ки дар додгоҳе дар Ландани Бритониё баргузор гардид, пирӯз шуд.
Ширкати РусАл то чанд вақти пеш яке аз шарикони тиҷоратии Ширкати алюминийи тоҷик ба шумор мерафт ва дар тирамоҳи соли 2004 миёни ин ширкат ва ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати бунёди неругоҳи Роғун ва низ тармиму бозсозии ширкати Талко созишнома ба имзо расида буд.


Аммо равобити РусАл ва давлати Тоҷикистон дар заминаи бунёди ниругоҳи Роғун ба сардӣ гароид ва акнун миёни РусАл ва Ширкати алюминийи тоҷик баҳсҳои догоҳӣ идома дорад.
Ва ҳоло Ширкати алюминий тоҷик иддао дорад, ки РусАл ҳамроҳ бо ширкати Ансол, як ширкати дигареро бо номи Ҳаммер таъсис дода ва дар ҷараёни ин ҳамкорӣ, ки то соли 2005 идома доштааст, аксари муомилоти тиҷоратиро бар зарари корхонаи арзиз анҷом додааст.
Дар баёнияи Ширкати алюминийи тоҷик ҳамчунин таъкид мешавад, ки сабаби таъхир барои даъво алайҳи РусАл он будааст, ки дар ибтидои мубоҳисоти додгоҳӣ РусАл дар канори Ширкати алюминий ва дар муқобили Ансол қарор доштааст.
Намояндагии ширкати РусАл дар Тоҷикистон низ бо нашрия як баёния аз қарори додгҳои Ландан дар мавриди ради даъвои Ширкати алюминийи тоҷик истиқбол карда, дубора таъкид кардааст, ки РусАл ва корхонаи зери назораташ Ҳаммер Ширкати алюминийи тоҷикро барои напардохтани 256 миллион доллари маблағи ашёи хоми воридкардаи ин ширкат дар давоми солҳои 2003-2004 ба додгоҳи иқтисодии назди Утоқи бозаргонии Цюрихи Суис кашидаааст. Ҳамчунин яке дигар аз ширкатҳои вобастаи РусАл бо номи Albaco ширкати CDH Investment аз таъминкунандагони ашёи хоми Ширкати алюминийи тоҷикро барои напардохтани 56 миллион доллар маблағи гилхок барои тавлиди арзиз ба додгоҳи иқтисодии Утоқи байналмилалии бозаргонӣ кашидааст.
Ба таъйиди бархе аз манобеъ ширкати CDH Investment ба Ҳасан Саъдуллоев - раиси "Ориёнбонк" ва аз пайвандони Президенти Тоҷикистон тааллуқ доштааст.
Абдуқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG