Полиси Бритониё мегӯяд, асбоби мунфаҷираро, ки дар як мошин дар маркази Лондон кор гузошта шудааст, хунсо кард. Ба ақидаи мақомоти бритониёӣ таркиши ин бомба метавонист, сабаби талафоти зиёди ҷонӣ ва молӣ гашта, ваҳшатзадагии ҳафтуми июли соли 2005-ро дубора бар фарози Лондон ҳоким кунад. Сарвазири Бритониё Гордон Браун дар ин робита гуфт:
"Ин воқеъа ёдрас мекунад, ки мо ҳама вақт боҳуш бошем ва мардуми мо ба ҳар моҷарои эҳтимолӣ омода бошад. Ман ба ҳукумат таъкид мекунам, ки ҳушёриро дар чанд рӯзи оянда тақвият диҳанд."
Полис мошини "Мерседес-Бенс"- ро дар кӯчаи Ҳей Моркети минтақаи Пикадилӣ замоне боз кард, ки кормандони хадамоти таъҷилии тиббӣ аз таровиши дуд дар дохили ин мошин хабар доданд. Аз дохили мошин канистрҳои бензин, силиндорҳои гази моеъ, дастгоҳи мунфаҷиркунанда кашф шуд. Он ҷо ҳамчунин меху чангакҳои зиёд гузошта буданд, то тахриби бештар оварда шавад.
Питер Кларк, сардори хадамоти полиси шаҳр гуфт:
"Мусалламан, агар таркиш ба амал меомад, ҷароҳат ва марг ба думбол медошт. Мошин дар як ноҳияи пуриздиҳоми маркази Лондон дар соатҳое гузошта шуда буд, ки субҳи ҷумъа одамони хеле зиёд маҳфилҳои шаб ва дигар ҷойҳоро тарк мекарданд."
Полиси Бритониё мегӯяд, ба таҳқиқи ҳодиса шурӯъ кардааст, вале дар мавриди бомбагузорони эҳтимолӣ ҳадсу тахмин намезанад. Лекин бисёре аз сокинони Лондон аз таркишҳои ҳафтуми июли соли 2005 ёд мекунанд, ки 50 нафарро кушта ва даҳҳо танро захмӣ карда буд.