Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвои "Талко" аз болои "РусАл" рад шуд


AK

Додгоҳи шаҳри Лoндoн даъвои ширкати алюминийи тоҷик -Талсо ҷиҳати ба ҷавобгарӣ кашидани ширкати РусАли Русияро рад кардааст.

Ширкати алюминийи тоҷик дар авохири моҳи гузашта аз додгоҳе дар Лoндoн тақозо карда буд, ширкати РусАли Русияро дар канори ширкати Ансол дар ворид кардани зарар ба маблағи ҳудуди ниммиллиард доллар ба ин корхона шарик шуморида хисороти расидаро аз ҳисоби РусАл ва Ансол бар суди ширкати алюмнийии тоҷик бирӯёнад. Александр Касаткин, сухангӯи намояндагии ширкати РусАл дар Тоҷикистон дар як тамоси телефонӣ бо радиои Озодӣ гуфт радди иддаои ширкати алюминийи тоҷик аз сӯи додгоҳи Лондон як амри табиист, зеро аз ибтидо маълум буд, ки даъвои Талсо алайҳи РусАл бепоя ва асос аст.


Ҳамин манбаъ афзуд ҳамакнун РусАл ширкати алюминийи тоҷикро барои напардохтани 256 миллион доллари маблағи ашёи хоми воридкардаи ин ширкат дар давоми солҳои 2003-2004 ба додгоҳи иқтисодии назди Утоқи бозаргонии Тсюрихи Швейтсария кашида, баррасии қазияро тақозо кардааст. Аз сӯи дигар яке дигар аз ширкатҳои вобастаи Русал бо номи Albaco ширкати CDH Investment аз таъминкунандагони ашёи хоми ширкати алюминийи тоҷикро барои напардохтани 56 миллион доллар маблағи гилхок барои тавлиди арзиз ба додгоҳи иқтисодии Утоқи байналмилалии бозаргонӣ кашидааст.



Ба таъйиди бархе аз манобеъ ширкати CDH Investment як ширкати мутааллиқ ба РусАл буд, ки Ҳасан Саъдуллоев -раиси "Ориёнбонк" ва аз пайвандони президенти Тоҷикистон дар соли 2005 бар ивази 5 ҳазор доллари нақд харидорӣ кардааст. Ширкати мазкур дар як муҳлати кӯтоҳ ба шарики аслии тиҷорати ширкати алюминийи тоҷик табдил ёфтааст. Ин дар ҳолест, ки аз мақомоти ширкати алюминийи тоҷик ҳозир нашуданд дар робита ба радди даъвояшон аз сӯи додгоҳи Ландан вокуниш нишон диҳанд. Аммо намояндаи дафтари матбуъоти ширкат аз қавли ҳуқуқшиносонашон гуфт, ки ҳанӯз асноди додгоҳи Лондонро дар даст надоранд ва баъди омӯзиши ин аснод ва маълум кардани далоили радди даъво мавқеи худро ошкор хоҳанд кард.



Ширкати РусАл то чанд вақти пеш яке аз шарикони тиҷоратии ширкати алюминийи тоҷик ба шумор мерафт ва дар тирамоҳи соли 2004 миёни ин ширкат ва ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати бунёди неругоҳи Роғун ва низ тармиму бозсозии ширкати Талсо созишнома ба имзо расида буд. Вале равобити РусАл ва давлати Тоҷикистон дар заминаи бунёди нерӯгоҳи Роғун ба сардӣ гароид ва дар ин миён РусАл бо ширкати Ансол шарики тиҷоратии собиқи Талсо, ки мақомоти Тоҷикистон онро ба сирқати маблағҳои бузурги ширкати алюминий ва сарпарастии кудатои нофарҷоми Ғаффор Мирзоев -раиси пешини Оҷонси мубориза бо маводи мухаддир муттаҳам мекунанд, тавонист ҳама баҳсҳои додгоҳии худро ҳал кунад. Бархе аз ҳуқуқшиносон мӯътақиданд агар замони созишномаи ҳамкорӣ миёни РусАл ва Талко то кунун хатм нашуда бошад имкон дорад қазия дар додгоҳ бар манфиати ширкати русӣ ҳал шавад.
XS
SM
MD
LG