Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷуброн - ҳамагӣ 30 ҳазор рубл


ms

Як додгоҳи шаҳри Маскав, пойтахти Русия, даъвои шаҳрванди Тоҷикистон Рустам Бойбековро алайҳи Вазорати умури дохилаи Русия пазируфт ва аз ин вазорат тақозои ҷуброни 30 ҳазор рубли русӣ (муодили 1150 дуллор) ба ин шаҳрванди Тоҷикистонро кард.


Ин ҳам дар ҳолест, ки соли гузашта Рустам Бойбеков дар пойтахти Русия мавриди таҳқири як корманди милиса қарор гирифта буд - корманди милиса ӯро боздошт ва бидуни далел ба даҳони Бойбеков аз туфангча паронд.


Барои ин аъмол додгоҳ ин корманди милисаро ба муддати 9 сол аз озодӣ маҳрум кард. Аммо бо вуҷуди ин Рустам Бойбеков бо ин ҳукми додгоҳ иктифо накард ва аз вазорати умури дохилаи Русия талаби 1 миллион рубл ҷубронпулӣ намуд.

Муҳаммадраҳими Сайдар, Маскав.
XS
SM
MD
LG