Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афви нахустин гурӯҳи маҳбусон


Нахустин гурӯҳе, ки тибқи қонуни нави афв аз зиндон раҳо гардид, иборат аз 290 зани маҳбус буд, ки дар зиндони воқеъ дар шаҳри Норак нигаҳдорӣ мешуданд. Бо ин ҳама дар зиндони занонаи Норак акнун танҳо 73 нафар, ки бо ҷурмҳои сангин, назири қатли инсон ва тахрибкорӣ муттаҳам шудаанд, паси панҷара боқӣ монданд.

Муҳиддин Сабуров, муовини раиси Идораи умури зиндонҳои вобаста ба вазорати адлия ба радиои Озодӣ гуфт, феълан тамоми парвандаҳои маҳбусин мавриди омӯзиш қарор дорад ва зиндониёне, ки қонуни ҷадид раҳоии онҳоро пешбинӣ мекунад, дар зарфи шаш моҳи оянда мавриди афв қарор хоҳанд гирифт: «Ҳоло дар чаҳорчӯби қонуни афв дар навбати аввал занҳоро озод кардаем, дуввум аз зиндони ноҳияи Ёвон тахминан 150 нафар, аз колонаи рақами 4 беш аз 160 нафар ва аз муассисаи ислоҳии ноболиғон ҳам шуморе аз ноболиғони зиндонӣ раҳо хоҳанд шуд дар марҳилаи аввал. Аммо ҳанӯз наметавонам мушаххас бигӯям, ки дар маҷмӯъ чи теъдод аз маҳбусин ба озодӣ мебароянд, ҳоло тафтиши парвандаҳо идома дорад ва ин баъдтар маълум мешавад. мо кӯшиш дорем, ки на дар зарфи шаш моҳ, балки тайи ду моҳи дигар тамоми маҳбусинеро, ки тибқи қонуни афв метавонанд, афв шаванд, ба озодӣ барорем».

Аммо ин масъули Идораи умури зиндонҳо ҳозир нашуд, исми мушаххаси размандагони зиндонии собиқ мухолифинро, ки эҳтимолан афв мешаванд, баён кунад.

Ёдрас мекунем, қонуни афв бахшиши гунаҳҳои занон, ноболиғон, мардони кӯҳансол, мӯътодон ва беморони сил, шаҳрвандони хориҷӣ, инчунин ашхосеро, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, дар рафъи авоқиби садамаи Чернобил ва дар муқовиматҳои сиёсию низомии Тоҷикистон ширкат доштанд, дар назар дорад. Ва аммо маҳбусине, ки бо баъзе бандҳои Қонуни ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла «қатли инсон», «қочоқи инсон», «одамрабоӣ», «таҷовуз ба номус», «терроризм», «ташкили гурӯҳҳои ҷиноӣ», «хиёнат ба ватан», «ҷосусӣ» ва «исёни мусаллаҳона» муттаҳам шудаанд, аз зиндонҳо раҳо нахоҳанд шуд. Ҳамзамон гуноҳи нафароне, ки ба ҳабси абад маҳкум шудаанд, бахшида намешавад.
Дар афви ахири зиндониён дар моҳи августи соли 2006, ба муносибати 15-умин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, беш аз шаш ҳазору ҳафтсад нафар ба озодӣ баромада буданд.

Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG