Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастури боздошт ба ихтиёри додгоҳ хоҳад гузашт


Ислоҳоти низоми додгоҳӣ дар Тоҷикистон аз чанд соли бад-ин сӯ идома дошт. Дар доираи ин ислоҳот қаблан мӯҳлати ваколати додрас ё судяҳо ба манзури мустақилияти ҳарчи бештари онҳо аз як панҷсола то ба як даҳсола тамдид карда шуда, ҳамчунин татбиқи ҳукми қатл мутавақиф эълом шуда буд. Албатта ворид кардани ислоҳот дар низоми додгоҳии Тоҷкистон, ки аз замони шӯравии пешин ба мерос монда буд, тақозои созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла САҲА мебошад. Яке аз нукоти умда ва муҳимме, ки дар Барномаи ислоҳоти ҳокимияти додгоҳӣ зикр шудааст, аз ваколати додситонӣ ба ихтиёри додгоҳ вогузор кардани ҳаққи судури санксия барои боздошт, ҳабс ва ё барои мисол, кофтукоби манзили шаҳрвандон аст.


Яке аз муҳимтарин нукоти Барномаи ислоҳоти низоми додгоҳӣ - аз ихтиёри додситон ба ихтиёри додгоҳ вогузоштани иҷозаи ҳабс мебошад. Ҳамзамон Барномаи мазкур то ҷое коҳиш ёфтани салоҳиятҳои додситонӣ, хадамоти гумрук ва мақомоти андозро низ дар назар дорад.
Қарор аст дар чаҳорчӯби ин Барнома Кодексҳои мурофиаи шаҳрвандӣ ва мурофиаи ҷиноӣ, инчунин қонунҳои дигари соҳавӣ такмил дода шаванд. Салоҳияти додгоҳ ба ҳадде хоҳад расид, ки дигар ҳатто ронандаи воситаҳои нақлиётиро на Бозрасии давлатии нақлиётӣ, балки танҳо додгоҳ метавонад аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум намояд.
Ва аммо масъалаи ба кадом ниҳод – додситонӣ ё додгоҳ мансуб будани ҳаққи иҷозаи ҳабси пешакӣ тайи чанд сол аст, ки мавриди баҳсу талоши ин ду ниҳод ва ҳуқуқшиносон қарор дорад.
Ҳизбулло Хоҷаев, раиси Додгоҳи конститутсионии Тоҷикистон мегӯяд, аз ин ки Барномаи нави ислоҳоти низоми додгоҳӣ ба тасвиб расид ва додани иҷозаи ҳабс ба ихтиёри мақомоти додгоҳ гузашт, истиқбол мекунад:

«Масъалаи додани иҷозаи ҳабс аз кодекси мурофиавии амалкунанда, ки аз соли 1962 қабул шуда ва асоси ин кодекс аз соли 1935 омадааст, аз ҳамон давра сурат гирифта истодааст ва бори нахуст аст, ки дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол пешбинӣ шудааст, ки иҷозати ҳабси пешакиро судҳо диҳанд. Мо ҷонибдори ин тавр ҳалшавии масъала ҳастем, яъне шаҳрвандон ҳимояи ҳуқуқи худашонро фақат дар суд метавонанд таъмин кунанд ва фақат суд ҳимоягари ҳуқуқи шаҳрвандон мебошад. Ин масъала танҳо ба вазифаи суд хос аст, дигар мақомот набояд иҷозати ҳабс ё аз озодӣ маҳрум кардани шаҳрвандонро диҳад».

Дар ҳамин ҳол ҳуқуқшиноси мустақил Шӯҳрат Қудратов мегӯяд, меъёрҳои байналмилалӣ низ тақозо мекунанд, ки ҳабси пешакӣ танҳо бо ҳукми додгоҳ сурат бигирад ва давлати Тоҷикистон ин санадҳоро пазируфтааст:

«То ҳол дар Тоҷикистон додани иҷозаи ҳабс ё санксия дар ихтиёри прокуратура мебошад, аммо ин хилофи талабҳои санадҳои байналмилалӣ аст, ки мо онро чанд сол пеш имзо карда ва парлумони Тоҷикистон ҳам онро ратификатсия карда буд. Дар ҳақиқат бояд санксияро додгоҳ диҳад. Агар ин тавр ҳам шавад дар Тоҷикистон, мо ба мисли кишварҳои мутараққӣ як қадам ба пеш мегузорем дар соҳаи ислоҳоти судӣ».

Ин дар ҳолест, ки мақомоти додситонии кулл ва додситонии шаҳри Душанбе ҳозир нашуданд, оид ба Барномаи нави ислоҳоти низоми додгоҳӣ, аз ҷумла ин ки тибқи ин барнома дар оянда иҷозаи ҳабс аз ихтиёри онҳо ба ихтиёри додгоҳ вогузошта мешавад, назари худро баён кунанд. Як масъули додситонии кулли Тоҷикистон дар сӯҳбати бидуни микрофон гуфт, ба дастгоҳи иҷроияи раиси ҷумҳур дар ҳаҷми шаш саҳифа пешниҳодоти худро оид ба ин барнома ирсол карда буд, аммо ҳангоми таҳияи санади мазкур назарҳои ӯ ба инобат гирифта нашуд.
Ва аммо Алиакбар Абдуллоев, як сарҳанги Ожонси назорати молӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон мегӯяд, бо ин ки додани иҷозаи ҳабс ба ихтиёри додгоҳ мегузарад, кори мақомоти қудратӣ дар робита ба боздошт ва ҳабси муттаҳамон мушкил нахоҳад шуд:

«Феълан мо санксияро барои ба ҳабс гирифтан аз прокурорҳо ба даст меорем, аммо агар лозим шавад ва агар чунин як қонун ба имзо расад, мо ҳамин корро тавассути судҳо амалӣ мекунем, ки ин барои кори мо ягон монеа нест ва мушкил пеш намеорад».

То ҳанӯз матни Барномаи ислоҳоти низоми додгоҳӣ ба сурати расмӣ нашр нашудааст. Қарор аст, ин барнома то соли 2012-ум ба иҷро расад.
XS
SM
MD
LG