Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикояти зиндониҳои Тоҷикистон аз шиканҷаҳо


so

Танҳо дар соли 2006 беш аз 200 нафар маҳбусони зиндонҳои Тоҷикистон ба Созмони Милали Муттаҳид оид ба шиканҷа ва бадрафторӣ нисбат ба худ шикоят кардаанд. Гуфта мешавад, дар ин робита танҳо як парвандаи ҷиноӣ - ва он ҳам бо мусоидати ин ташкилоти бонуфӯзи байнулмилалӣ - аз ҷониби додситонӣ боз шудааст.


Ин нукта дар як ҳамоиши байнулмилалӣ, ки имрӯз, 19 июн, бо ибтикори дафтари «Фридум Ҳаус» (созмони «Хонаи Озодӣ») дар Тоҷикистон, Кумисиюни авпупоӣ, СММ бо ширкати харбарнигорони маҳалливу хориҷӣ дар Душанбе доир гашт, баён дошта дошта шуд.


Қаҳрамон Сангинов, ҳамоҳангсози лоиҳаи СММ «Мубориза бо шиканҷа дар зиндонҳо дар Осиёи Марказӣ», гуфт, ҳадафи аслии ин лоиҳа, ки дар Тоҷикистон аз ҷониби Дафтари ҳуқуқи башари СММ маблағгузорӣ ва татбиқ мешавад, таҳқиқ ва омӯзиши вазъ дар зиндонҳои ин кишвар ва коҳиш додани шиканҷаву бадрафтори нисбат ба маҳбусон мебошад. Оқои Сангинов мегӯяд: «Мушкилоти аслие, ки дар роҳи амалисозии ин барнома барои мо мониъа эҷод мекунад, ин аст, ки мо наметавонем ба зиндонҳо ворид шавем ва барои санҷиши шикоятномаҳо бо маҳбусон аланӣ суҳбат кунем. Бояд бигӯям, аксари муроҷиату шикоятҳоеро, ки дар мавриди шиканҷа аз маҳбусон ба мо расидааст, тавассути телефон ва нома гирифтаем. Масъала ин аст, ки барои мо ба даст овардани иҷозатнома ҷиҳати ворид шудан ба зиндон ё боздоштгоҳҳо ба душворӣ даст медиҳад».


Дар ҳамин ҳол як сокини Душанбе, ки аз овардани ному насабаш худдорӣ кард, дар суҳбат бо радиои «Озодӣ» гуфт, писарашро, ки ба иттиҳоми дуздӣ боздошт шуда буд, кормандони мақомоти боздоштгоҳи муваққатии ноҳияи Синои пойтахт шиканҷа доданд ва дар натиҷа барқаор шудани саломатиаш феълан зери суъол қарор дорад.


Ин хонум ҳамчунин гуфт, ки дар ин робита ӯ аз сабаби надонистани ҳуқуқҳои худ то ҳанӯз ба ҳеҷ як мақомоти болоии ҳифзи қонун ва созмонҳои байнулмилалии ҳуқуқи башар муроҷиат накардааст.
XS
SM
MD
LG