Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози кори телевизиони мустақил дар Душанбе


CO

Барои нахустин бор дар шаҳри Душанбе як шабакаи ҷадиди телевизионӣ бо номи Симои Мустақили Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намудааст. Зинатулло Исмоилов муассис ва раҳбари телевизиони навтаъсиси СМТ дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт,дарёфти иҷозатнома барои таъсиси чунин як шабакаи телевизионии мустақил барояш ба осонӣ даст надодааст. Оқои Исмоилов афзуд, мӯҳтавои барномаҳои телевизиони нав хабару таҳлил ва назароти марбут ба масоили сиёсӣ, иҷтимойӣ,иқтисодӣ ва фарҳангиро дар бар хоҳад гириф.

Мутахасисон ва коршиносон бо ишора ба шурӯъи фаъолияти телевизиони ҷадид дар фазои иттилоотии Тоҷикистон мегӯянд СМТ дар сурате метавонад ба ҳайси як шабакаи озоду мустақил дар миёни тамошобинон маъруфият касб кунад,ки агар ба маънои воқеъӣ ба бозтобу баррасии масоиле даст бизанад,ки имрӯз телевизионҳои давлатӣ ҷуръати пахши онро надоранд. Акбари Саттор, раиси Иттиҳоди Журналистони Тоҷикистон дар робита ба таъсиси телевизиони ҷадиди мустақил дар Тоҷикистон гуфт воқеъан журналистон ва аҳли зиёи кишвар аз ин телевизион,ки худро мустақил эълом кардааст,интизориҳои зиёде доранд.
Ва аммо Султони Ҳамад, коршиноси дигари тоҷик мегӯяд агар ин телевизион тавонад як минбаре бошад,ки тавонад фаъолияти тамоми аҳзоби сиёсиро ба таври мунсифона инъикос намояд, дар он сурат метавон гуфт,ки он дархӯри ҷомеъаи имрӯзи кишвар мегардад. Ва аммо дар ҳамин ҳол, Зинатулло Исмоилов раиси СМТ мегӯяд вай ҳамчун сарвари ин телевизиони ҷадиди мустақил, кушиш ба харҷ медиҳад,то холигоҳи фазои иттилоотии кишварро бо ахбори оҷилу муҳим,то андозае пур карда бошад.
Телевизиони тозатаъсиси СМТ ва ё Симои Мустақили Тоҷикистон тибқи ойинномаи худ, ҳамарӯза ду соат субҳ, ва шаш соат шомгоҳ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ барнома пахш менамояд.

Сафаргул Олимӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG