Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Генерали сербӣ барои ҷиноятҳояш ба додгоҳ кашида шуд


Генерали сербӣ Властимир Ҷорҷевич, яке аз наздикони раисиҷумҳури пешин Слободан Милошевич, ки дар ҷиноёт алайҳи башарият гумонбар мешавад, баъди дар Черногория боздошт шуданаш шоми дирӯз ба Додгоҳи байнулмилалии ҷиноёти низомии Гаага, воқеъ дар Ҳуланд, интиқол ёфт.


Ба гуфтаи шоҳидон, ин низомии собиқ баландпояи сербӣ дар давраи ҷанги солҳои 1998 ва 1999 дар Косово ба нерӯҳои худ барои куштори албаниҳои ин кишвар фармон дода буд.
XS
SM
MD
LG