Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи бӯҳрони Ховари миёна: фаластиниҳо бо ҳам меҷанганд


Чунин ба назар мерасад, ки орзуи деринаи мардуми Фаластин барои дастёбӣ ба як давлати мустақил ҳеҷ гоҳ чунин дуру дастнорас набуд. Баъди рӯёрӯиҳои ҷандинрӯза, ки дасти кам 100 нафарро кушта ба ҷо гузошт, гурӯҳи исломии Ҳамос аз дасти ҷумбиши Фатҳ назоратро бар борикии Ғазза ба дасти худ гирифт. Дар миёни қурбониҳо инчунин ҷангиёни ин ду гурӯҳи рақиб ҳам ном бурда мешаванд. Тибқи гузоришҳои расида, Ҳамос шумори зиёди фармондеҳони баландпояи гурӯҳи Фатҳро дастгир кардааст. Гурӯҳи Фатҳи таҳти раҳбарии Маъмурияти Фаластин Маҳмуди Аббос бо ин вуҷуд назоратро бар Каронаи Ғарбӣ ҳанӯз дар дасти худ нигаҳ медорад, дар ин манотиқ аксар фаластиниҳо ба сар мебаранд. Дирӯз Маҳмуди Аббос дар Ғазза қуюди шабгардиро ҷорӣ карда инчунин ҳукумати эътилофии Фаластинро, ки аз таъсиси он се моҳ гузашта буд, ба истеъфо фиристод. Дар ин ҳукумат ҳам гурӯҳи Фатҳ ва ҳам Ҳамос намояндаҳои худро доштанд.
Нахуствазир Исмоил Ҳания, ки аз ҷунбиши Ҳамос намояндагӣ мекунад, зимни суханрониаш дар шаҳри Ғазза билофосила гуфт, ки тасмимҳои шитобзадаи Маҳмуди Аббосро нодида хоҳад гирифт: "Ҳукумати феълӣ вазифаҳои худро бо беҳтарин роҳ ба иҷро хоҳад расонид ва масъулиятҳои милливу ахлоқии худ дар баробари мардуми Фаластинро канор нахоҳад гузошт"

Баъди пирӯзии ҷунбиши Ҳамос дар интихоботи парлумонии Фаластин моҳи якнвари соли 2006 давлатҳои ғарбӣ мизони кӯмакҳои молии худро ба мардуми ин кишвар коҳиш дода, таҳримҳои иқтисодиро нисбати ҳукумати Фаластин ҷорӣ карданд. Дар ҳамин муддат Исроил ҳам гуфт, ки бозгардонӣ беш аз 500 миллион доллар пулҳои аз ҳисоби молиёт ҷамъшударо ба маъмурияти Фаластин рад мекунад.
Ҳамос қавл додааст, ки ҳама талошашро барои хароб кардани Исроил равона хоҳад кард. ИМА, Иттиҳодияи Аврупо ва Исроил гурӯҳи Ҳамосро чун як ҷумбиши террористӣ арзёбӣ мекунанд, Шон Маккормак, сухангӯи Вазорати хориҷаи Амрико рӯзи панҷшанбе ин мавзеи Амрикоро такрор кард ва гуфт: "Ҳамос як ташкилоти террористӣ аст. Мо аъзои Ҳамосро чун аъзои ташкилоти террористӣ арзёбӣ мекунем ва ин мавқеъ тағйир нахоҳад ёфт"

Мақомоти Исроил ва ИМА гуфтанд, ки эҳтимол дорад барои пуштибонӣ аз Маҳмуди Аббос ба Каронаи Ғарбӣ кӯмакҳои пулӣ фиристанд. Дар навбати худ Ҳамос аз Эрону Сурия кӯмак гирифта, бовар меравад, ки аслиҳаву дигар лавозимотро аз Миср тавассути минтақаи марзии Ғазза дарёфт мекунад.
Миср талош кардааст, ки миёнҷии музокироти миёни ин ду ҷониб шавад. Имрӯз Қоҳира аз Ҳамос даъват кард, ки дар пешорӯи интихоботи нав даъвати Аббосро оид ба ҷорисозии қуюди шабгардӣ ва пароканда шудани ҳукумату парлумон бипазирад. Имрӯз ҳамчунин вазирони хориҷаи кишварҳои арабӣ дар Қоҳира барои баррасии вазъи Фаластин гирди ҳам омаданд. Ин нишаст бояд рӯзи шанбеи 16 июн баргузор мешуд, аммо бӯҳрони Фаластин онҳоро водор намуд, ки ин нишастро як рӯз пештар ташкил кунанд.
XS
SM
MD
LG