Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи муқовимати мусаллаҳона дар Фаластин


Вазъ дар Фаластин ҳамоно муташанниҷ боқӣ мемонад. Бегоҳи дирӯз мусаллаҳони гурӯҳи «Ҳамос» қароргоҳи раҳбари Фаластин Маҳмуд Аббосро дар Ғаза тасарруф карданд.


Ба иттилоъи хабаргузориҳо, ҳангоми ҳамла ба ин манзил худи Маҳмуд Аббос дур аз он, дар Каронаи ғарбии рӯди Урдун, қарор дошт.


Дар ҳамин ҳол раҳбари Фаластин шоми панҷшанбе дар бораи пароканда кардани ҳукумати мусолиҳаи миллӣ амр содир карда, дар минтақаҳои тангнои Ғаза ва Каронаи ғарбии рӯди Урдун вазъи фавқулода ҷорӣ намуд.


Ёвари ӯ ба хабаргузориҳо гуфтааст, ки ба дунболи ин амр ташкили ҳукумати нав шурӯъ хоҳад шуд. Вале ҷунбиши «Ҳамос» эълом дошт, ки ин амрҳои Маҳмуди Аббосро иҷро нахоҳад кард.
XS
SM
MD
LG