Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду ҷиноҳи ҲДТ расман ба ҳам пайваст


mm

Дар маҷлиси ахири садорати Ҳизби Демократи Тоҷикистон, ки имрӯз, 9-уми июн, дар дафтари ин ҳизб дар шаҳри Душанбе доир гардид, ду ба истилоҳ ҷиноҳ аз се ҷиноҳи ҳизб - ҷиноҳҳои тарафдорони Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ва Саидҷаъфар Исмонов - ба ҳам пайваст.


Дар ин бора иҷрокунандаи вазифаи раъиси ҲДТ (ҷиноҳи Искандаров) Ҷумъабой Ниёзов тавассути телефон ба Родиюи «Озодӣ» хабар дод.


Ӯ ҳамчунин гуфт: «Оид ба ин масъала садорати ҳизб қарор кард, ки иқдоми якҷояшавӣ бо тарафдорони Саидҷаъфар Исмонов дастгирӣ карда шавад ва ба ҳамаи созмонҳои ибтидоии Ҳизби Демократи Тоҷикистон тавсия гардад, то бо тарафдорони Исмонов маҷлис ё конфронсҳо гузаронида, оид ба фаъолияти якҷоя чораҳо андешанд».


Чунонки Ҷумъабой Ниёзов шарҳ дод, ин маънои онро дорад, ки тарафдорони Саидҷаъфар Исмонов ба Ҳизби Демократи Тоҷикистон (таҳти раҳбарии Муҳаммадрӯзӣ Искандаров) пайвастанд ва ин амал дар маҷлиси садорати ҳизб баррасӣ гардида, ба расмият дароварда шуд.
XS
SM
MD
LG