Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се нафар қурбони сел шуданд


Дирӯз, 6-уми июн, бар асари селу обхезӣ дар ҷануби Тоҷикистон се нафар ба ҳалокат расиданд.


Ба иттилоъи Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон, ин офати табиӣ сокинони ноҳияҳои Қубониён ва Ҷилликул Қурбон Саидов, Умеда Эргашева ва Зархол Рӯзиеваро ба ҳалокат расонидааст.


Ҳамчунин гуфта мешавад, ки бар асари ин офат даҳҳо манзили истиқоматӣ тахриб ва майдони зиёди кишт зери об мондааст. Дирӯз як комиссиюни вижаи Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ ба манотиқи офатзада сафар кард, то паёмадҳои обхезиро мушаххас намояд.


Боронгариҳои рӯзҳои ахир ҳамчунин боиси боло рафтани сатҳи об дар рӯдхонаҳои ноҳияҳои Файзобод ва Ваҳдат шудааст, ки бар асари он се манзил дар деҳаи Нозирободи ноҳияи Ваҳдат қисман тахриб гардид.
Бар асари офатҳои табиъии соли равон ба хоҷагиҳои Тоҷикистон ба маблағи беш аз 2 500 000 доллар хисорот ворид шуда, 13 нафар ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG