Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Май - марговартарин моҳ барои нерӯҳои амрикоӣ дар Ироқ


Дар як таркиши худкушона дар шаҳри Фаллуҷаи Ироқ 25 нафар кушта ва 20 тани дигар захмӣ шудаанд.


Хабаргузориҳо мегӯянд, ҳамлавари маргталаб бомбаи дар тан пинҳонкардашро замоне мунфаҷир кард, ки вориди сафи ҷавонони навбатистода дар назди маркази истихдоми пулис шуд.


Ва низомиёни Амрико дар Ироқ, дар ҳоле ки моҳи майи имсоларо марговартарин моҳи ҳузури нерӯҳояшон дар Ироқ номиданд, эътироф карданд, дар ҳамлаҳои ҷудогона дар Бағдод дирӯз се сарбози ИМА кушта ва ду нафари дигар захмӣ шудаанд.
XS
SM
MD
LG