Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати алюминийи тоҷик «РусАл» - ро ба додгоҳ мекашад


Масъулини ширкати алюминийи тоҷик зимни муроҷиат ба додгоҳе дар Лoндoн иддао кардаанд, ки ширкати «РусАл» - и Русия ҳамроҳ бо ширкати «Ансол» дар ворид кардани зарар ба маблағи ҳудуди ним миллиард доллар ба ин корхона шарик аст. Ва аз ин рӯ «РусАл» бояд дар канори ширкати «Ансол» масъулияти ҷавобгарии ин зарарро дар баробари Корхонаи алюминийи тоҷик ба дӯш дошта бошад. Ҳамчунин Ширкати алюминийи тоҷик даъво кардааст, ки кормандони «РусАл» бо роҳи ғайриқонунӣ вориди шабакаи компутерии ин корхона шуда ва аз маълумоти махфии он ба фоидаи худ истифода кардаанд.
Ин дар ҳолест, ки масъулони ширкати «РусАл» аз иқдомоти Ширкати алюминийи тоҷик ҷиҳати ба ҷавобгарӣ кашидани онҳо дар канори ширкати "Ансол" дар додгоҳи Лoндoн изҳори тааҷҷуб кардаанд.


Дар баёнияи катбии дафтари матбуоти ширкати «РусАл» аз ҷумла гуфта мешавад, ки «аз чунин иқдоми Ширкати алюминийи тоҷик, ки муқобили мо даъво пеш овардааст, дар ҳайрат мондаем. Зеро барои мо маълум аст, ки дар гузашта ин корхона алайҳи ширкати «Ансол» борҳо шикоят карда буд, ки дар ҳеҷ яке аз онҳо исми «РусАл» ёдоварӣ намешуд. Дар ин миён ҳама муноқишоти додгоҳӣ миёни мо ва Ансол ҳал шуд, аммо ин тавофуқи ба дастомада ҳеҷ иртибобт ба Ширкати алюминийи тоҷик надошт ва барои мо номафҳум аст, ки кадом далоил метавонад асоси иддаои додгоҳӣ алайҳи мо шавад».


Дар баёнияи дафтари матбуотии ширкати «РусАл» таъкид шудааст, ки гумон намеравад дар додгоҳи Лoндoн иддаои Ширкати алюминий тоҷик ҷиддӣ пазируфта шуда ва дар заминаи он муҳокима оғоз ёбад.
Аммо аз масъулони Ширкати алюминийи тоҷик касе ҳозир нашуд дар баробари мавқеи ширкати «РусАл» ва ҷузъиёти дигари даъво алайҳи ин ширкат тавзеҳи бештар бидиҳад. Як манбаи наздик ба ин ширкат, ки нахост номаш бурда шавад, бидуни такзиб ва таъйиди дурурстии муроҷиати ин ширкат ба додгоҳи Ландан гуфт, ки мавқеи онҳоро ширкати ҳуқуқие, ки ин иттиллоъро мунташир кардааст, ифода мекунад.
Дар баҳсҳои додгоҳӣ дар Лoндoн то замони тавофуқи миёни "Русал" ва "Ансол", ки ду моҳи қабл ҳосил шудааст, Корхонаи арзизи тоҷик ва «РусАл» якҷо алайҳи ширкати «Ансол» мавқеъ гирифта буданд.
Аммо акнун додгоҳи Ландан, ки замони расидагӣ ба ин қазияро дар рӯзҳои 19-20 моҳи оянда таъин кардааст ба иддаои Ширкати алюминийи тоҷик алайҳи ширкати «РусАл» нуқта хоҳад гузошт.
XS
SM
MD
LG