Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навори мавъизаҳо


Тафсилоти бештар


Чанд нукта:
1. Ончи ман дар мавриди наворҳо навиштам, танҳо ба наворҳои таблиғоти исломӣ маҳдуд намешавад. Ҳамагуна наворҳо, ки ғайриқонунӣ ҳастанд, яъне бидуни таъйини ҳаққи муаллиф (Copyright) бояд аз миён бурда ва дар бозорҳо ва мағозаҳои Тоҷикистон бояд танҳо наворҳое ба фуруш гузошта шаванд, ки дар студияҳои қонунӣ сабт ва таксири қонунӣ шуда бошанд. Ҳоло тамомии наворҳои чи динӣ чи мусиқӣ ва чи филмҳои хориҷӣ дар кишвар ғайриқонунӣ ҳастанд, ва ҳеч наворе наметавон ёфт, ки ба истилоҳ "оригинал" бошад. Мағозаҳои назди Фурӯшгоҳи Марказӣ аз филмҳои хориҷӣ, аз ҷумла Холливудро ба шеваи чинои (яъне бе иҷоза) сабту таксир мекунанд ва аз он ҳисоб пули ҳаром гирдоварӣ мекунанд. Рӯномаҳои зарди тоҷикӣ аксҳои ҳунармандону чеҳраҳои синамои Ғарбро бе иҷоза дар канори ҳикоёт ва афсонаҳои дурӯғинашон дар бораи фаҳш ва ҷиноят чоп мекунанд ва ин чеҳраҳоро дар назари мардум аҳриманӣ ҷилва медиҳанд, дар ҳоле ки аз ҳисоби ин аксҳо бозорашон дар авҷ аст ва пул ғунд мекунанд. Давлат бояд ба ҳамаи ин беқонунӣ ва ҳарҷу марҷ бояд поён бидиҳад.

2. Наворҳо, китобҳо ва васоили дигари таблиғотӣ ё иттилоъотӣ аз ҳар дине ё қавме, ки ҳаст, бояд мутобиқ бо қонуни асосии Тоҷикистон бошад ва агар дар онҳо ҳарфе хилофи қонун вуҷуд дорад, онҳо бояд сензура шаванд. Вале ин ба маънии мамнуъияти таблиғот нест, тибқи қонун ҳар шахсе, пайрави ҳар дину ойине бошад аз ҳаққи таблиғот бархурдор аст ва ин ҳақ бояд эҳтиром шавад, танҳо бояд таблиғ мутобиқи қавонин бошад ва сухан ва навиштаҳои зидди-инсонӣ, нажодӣ, нафратомез... ва ғайра ки муғойири қонуни асосист, мамнуъ аст. Масалан пештар китобе аз Мулло Мустазъафӣ ном дар бораи дини Зардуштӣ чоп шуд, ки саропо таҳқир ва душном аст, ингуна китобҳо бояд мамнӯъ ва нависандаи он ба додгоҳ кашида шавад. Воъизи ва ваъзгуйи албатта озод бояд бошад, вале дар чорчӯби қонун, шумо ҳақ надоред суханон ва фаъолияти хилофи қонуниро таблиғ кунед, дар чорчуби қонун ҳар қадар мехоҳед дар воъизи ҳунаратонро нишон бидиҳед.

Фаромарз
--------------------------------------
Дар ҳоле, ки имрӯзҳо ҷомиъаи ғайримусулмон рӯ ба ин дини мукаддас на аз барои пулу мол, балки ҷиҳати дарёфти ҳақиқат рӯ меорад, чаро дар мо, тоҷикон, ки худро бо даҳони пур "алҳамдулиллоҳ мусулмонем" мегӯем, ин дини мукаддасу поку беолоиш ва тараққипарварро нодида мегирем? Чаро?

Аз нигоҳи ислом, сӯзонидани ҳама чизи марбут ба ин дин, аз ҷумла шарҳи масъалаҳои мазҳабӣ дар китобу маҷаллаву дискҳо, амали нодуруст ва ҳатто куфр аст.

... Ман дар таъаҷҷубам, ки ба ин ҳукумати мо чи шудааст: бисёр кору қонунҳои содиркардаи он зидди ислом ва мусулмонон аст!

Носирҷон, шаҳри Душанбе.
--------------------------------------

Чаро роҳбарони давлати мо ин тавр мекунанд?!! Охир, ақаллан ҳаминро фикр намекарда бошанд, ки фардо кӣ онҳоро гӯру чӯб мекунад?

Чанд вақт пеш президенти Тоҷикистон дар Қатар, дар телевизиони «ал-Ҷазира» гуфта буд, ки мо мардуми Тоҷикистон ҳама, мусулмону мусулмонзода ҳастем. Бале, чунин аст. Аз ҷумла ин ашхоси масъули давлатӣ, ки диску наворҳои мавъизадорро
аз бозору фурӯшгоҳҳо мусодира карда нобуд мекунанд, инчунин бо корҳои дигари зидди дини ислом машғул мешавнд. Ҳол онки, агар мусулмон бошанд, бояд барои дини исломро дифоъ кардан кӯшиш намоянд.
--------------------------------------
Дар сӯзонидани фитаҳои Ҳоҷӣ Мирзо ва Эшони Нуриддин мо ягон хатоӣ ё амали носавобро намебинем. Зеро эшон бештар ба ёвагӯиҳо ва суханҳои носанҷида роҳ додаанд. Масалан, Ҳоҷӣ Мирзо дар як баромадаш қаҳрамонҳои миллиро кофир эълон доштааст ва боз дар як мусоҳибааш бо рӯзномаи «Миллат» ин хатои худро тасдиқ намуда, узр пурсидааст.

Амалҳои эшон бештар зиддимиллӣ мебошанд, ки ин хеле таасуфовар аст. Мутаасифона, уламои динии мо бе ягон барномаи қаблан тарҳрезишуда миёни омма баромад мекунанд ва пайравони эшон ин гуфтаҳоро сабт карда ба фурӯш мебароранд .

Тибқи гуфтахои уламои дигари исломӣ, на ҳамаи хадисҳо метавонанд ҳақиқат бошанд. Ба ҳамагон маълум аст, ки дар ҷомиъаи мусалмонӣ сухани андак хато, ки ба ислом ягон рабт надорад, метавонад боиси низоъу хархашаҳои зиёд гардад. Аз ин рӯ сӯзонидани ин фиттаҳо як амали савоб ва саривакти мебоашд ва ҷилавгирӣ боз аз ҳамон ҷангу хунрезист.

Мо пешниҳод мекунем, ки фиттахои динӣ ва дигар ҳама аз контроли махсус гузашта, сипас ба фурӯш гузошта шаванд.

Мусалмонони муҳоҷир
Муъмин, Сафар, шаҳри Маскав.
--------------------------------------

Афсус, ки Фаромарз ба ҷои даъват ба риояти Конститутсия даъват ба вайрон кардани Конститутсияро мекунад. Вай даъват мекунад, ки сензура ҷорӣ карда шавад. Бояд бигӯям, ки дар Конститутсияи Тоҷикистон расман омадааст, ки СЕНЗУРА МАНЪ АСТ, дувум, дар конститутсия озодии виҷдон ва ақида кафолат дода шудааст. Ҳеч кас ҳақ надорад ин озодиро манъ кунад. Афсус, ки Фаромарз саводи даркории ҳуқуқӣ надорад ва ҳар чиз мегӯяд.

Дар бораи сӯзондани наворҳо бошад, назари Б. Мусофир дуруст аст. Ин як шармандагӣ буд, ки дар Тоҷикиситон маводи фарҳангӣ сӯзонида шуд, ки ёдовари ҳамон амали муғулҳо ва болшевикон дар солхои 20-ум аст. Маводи фарҳангиро сӯхтан ва аз телевизион нишон додани он шармандагии ҳамаи мо буд.
Вале онҳое, ки ин корро карданд, ҳаминро нафаҳмиданд. Афсӯс.
--------------------------------------

Ман як донишҷӯдухтарам ва аз рӯи ҳиҷоб шуда аз Донишкада маро доимо тахдиди пеш кардан доранд. Ҳарчанд, ки ман ғоибона таҳсил мекунам ва дар гурӯх ягона касеам, ки бе ришва ва бо саводи худам имтиҳонотамро мегирам. Вале таййи ин ду соле, ки ман таҳсил дорам, аз рӯи ҳиҷобам пайваста таҳти фишор будам. Ва бовар кунед, ки ба ҷои онки аз ман дарсро талаб кунанд, муаллимон, даррав ба ҳиҷобпӯшиам эрод мегиранд. Мехохам, ки Донишкадаро тарк кунам, аммо, охир, ман ҳам мувофики қонуни Точикистон ҳуқуқи таҳсилро дорам ва мехоҳам дар оянда ба нафъи кишварам кор карда, исбот кунам, ки мусалмондухтар ҳам метавонад мутахассиси хуб бошад.

Ва оид ба сӯзондани кассетаҳои исломӣ бошад ҳаминро гуфтаниам, ки дини мубини Ислом ҳеч гоҳ инсонро аз роҳ берун намекунад. Инро набояд фаромӯш кард.
--------------------------------------
Чаро дар мо, ки худро бо даҳони пур «алҳамдулиллоҳ, мо мусалмонем» мегӯем, ин дини муқаддасу поку беолоиш ва тараққипарварро нодида мегирем? Чаро? Аз нигоҳи ислом гирем, сӯзонидани дискҳо, ки дар онҳо сабти «Қуръон» доранд, куфри маҳз аст!!!
--------------------------------------

Салом! Бародар Умед, ман шуморо мефаҳмам, лекин як чизро ба назар гиред, ки инсон метавонад ба азоби гуруснагиву ташнагӣ тоқат кунад, аммо вақте неш ба дину ақидаи ӯмезананд,косаи сабраш лабрез мегардад.

Инро набояд фаромӯш кард.

Бо эҳтиром,
Абдуллоҳ.
--------------------------------------

Хуб мебуд, агар мақомоти амниятӣ ба ҷои дискҳои эшони Нуриддинҷон ва ҳоҷӣ Мирзо, ки аҳамияти барои ҷавонон ахлоқӣ доранд, филмҳои ахлоқвайронкунандаи ҳолливудӣ ва дигар давлатҳоро мусодира мекарданд, инчунин каме садди роҳи дискоклубҳо ва урёнгароӣ мешуданд, ки ҷомиъаро ба сӯи фасоди ахлоқӣ мебаранд.

Ба онҳо дар ин кори хайр тавфиқ мехоҳам.

Бо эҳтиром
Муҳаммад.
--------------------------------------

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон ! Салом, ман гуфтаниам, ки ин кор
хатои фоҳише мебошад. Барои онки инҳо фикр мекунанд, ки бо Эшони Нуриддин ё Ҳоҷӣ Мирзо ҷанг меварзанд бо ин касета сӯзондан ё зиндон кардани Уламо, лекин намефаҳманд, ки ба худи Хидованди муттаъол ҷанг варзида истодаанд.
--------------------------------------

Салом, ҳамватанони азиз!

Бояд ин корро намекарданд: касетҳои Эшони Нуриддинҷон ва Ҳоҷӣ Мирзоро намесӯзониданд, зеро наворҳои ин шахсони бонуфуз барои ҷомиъаи мо хеле фоидаи калон доштанд, алалхусус барои ҷавонон, ки аз роҳи бад бозмеистанд. Албатта, онҳо аз пеши худ чизе намегӯянд, балки суханони Аллоҳ ва расули ӯро ба мо мерасонад.

Дар ин наворҳо мо фақат ба сӯи одоби ахлоқи ҳамида ва ҳурмати падару модар даъват мешавем. Барои чи касетаҳое, ки ба гуноҳ даъват мекунанд, сӯзонида намешаванд, охир, фитаҳои фоҳишагӣ ҷавонону духтарони тоҷикро вайрон кардаанд!

Бо эҳтиром, банда
Иноятуллоҳи Холид.
--------------------------------------

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрбон. Худованд дар «Қуръон» мефармояд , рӯзе, ки тамоми инсонҳо ҳашр мешаванд, дар он рӯз ин амалҳои зидди ислом сӯде надорад

Мусофир.
--------------------------------------

Шукри Худову сад шукри Худо, ки маро мусалмон офарид! Ва, иншоаллоҳ, дар илми дунявӣ пешрав ҳастам ва дар байни миллатҳои ғайримусалмон эҳтироми арзанда дорам! Ва дастовардҳоямро аз доди Худо медонам! Агар касоне чун Фаромарз аз илми Худо бехабаранд, пас аз илми дунявӣ сар-сарӣ хабар доранд ва побанди фасоданду ба чунин афрод "кайфи" дунё болотар аз эхтироми Дини Худову қадри Падару Модар аст! Афсӯсу сад афсӯс...

Доцент, Университет.
---------------------------------------

Салом ба ҳамаи шумо.

Вақте суханҳои Фаромарз, Ботур Қосимӣ ва Раҳим аз Кӯлобро хондам, бисёр зиқ шудам ва хулоса баровардам, ки мусулмон бар зидди худаш бисёр гап мезадааст. Ин чӣ демократия аст, ки мо дорем. Ман аз ин хел демократия гурезонам ва ман ин демократияро, ки режими Раҳмон дар Тоҷикистон ташкил кард, тамоман намепазирам. Ин фақат режим аст, дигар ягон ном надорад. Аллоҳ Таъоло тамоми душманонашро худаш гум ва палид мекунад. Ман ба Худо имон дорам ва имони қавӣ дорам, ки ӯ ба ҳама кор қодир аст.

Инсон.
--------------------------------------

Салом ба кормандони "Озодӣ" ва хонандагони гиромиқадр. Хитоб ба касоне, ки наворҳоро сӯзонданд ва сӯзонданиянд.

Ин коре, ки шумо мекунед, ба ҷомеа зарари калон мерасонад. Шумо, агар ба ҷои сӯзондани ин наворҳо, ба сӯзондани он филмҳое, ки мардумро ба фасод тела медиҳад, машғул мешудед, беҳтар мебуд. Аммо шумо нишон дода истодаед, ки зидди Ислом мубориза мебаред. Дар охир аз Худованди муттаол барои ин гуна ашхос тавфиқ талаб дорам.

Бо эҳтиром,
Абӯзар.
--------------------------------------

Салом ба мардуми ватандӯст ва динпараст.

Дар ҳақиқат, вақте мебинем, ки ҳар рӯз як қонуни нав мебарояд ва озодии мусалмононро мегиранд ва ҳуқуқашонро поймол мекунанд, воқеан инсон дилтанг мешавад, ки чӣ гуна даъвои демократия мекунанду боз ҳуқуқи мусалмононро поймол мекунанд. Бояд раисони ҳукумат инро хуб бифаҳманд, ки ин корҳояшон ягон зарра ба фоидаи ҳукуматашон нест, балки фақат миёни худашон ва халқашон душманиро зиёд мекунаду халос . Чунки аслан шумо мусалмононро аз дин ҷудо карда наметавонед ва динро комилан аз давлататон канда наметавонед. Шумо кушиш кунед, бештар боварии мардумро ба худ ҷалб кунед, на ин ки мардумро аз худатон ҷудо кунед.

Бо эҳтиром,
шахси мусалмони диндӯсту ватандӯст
--------------------------------------

Ҳаминро гуфтаниам, ки агар сиёсати пешгирифтаи Тоҷикистон нисбат ба дин ва диндорон дар чунин ҳолат истад, пас Тоҷикистонро нохушие интизор аст.

Бо эҳтиром,
як шаҳрванди Тоҷикистон,
ки барои ватанаш месӯзад

--------------------------------------

Ба номи Худо.

Ҳукумати Тоҷикистон бо оташ бозӣ дорад.Чунки мубориза бурдани ҳукумати Тоҷикистон бар зидди Ислом бозӣ об оташ аст.

Ҳазрати бузургвор,
Сибир, Русия

--------------------------------------

Ман ҳаминро гуфтаниям, ки мақомоти Тоҷикистон воқеан ҳам ақлашонро аз даст додаанд. Онҳо бояд корҳое анҷом диҳанд, ки боиси хушнудии мардум шавад, аммо абръакс ба мардуми бечора сахтгирӣ мекунанд. Мардумро ҳамин фақру бечорагӣ ва ғарибӣ кофӣ аст, ки боз рӯи захмаш намак мепошанд. Ман барои бародарони мусалмони тоҷик гуфтаниям, ки сабри ҷамилро пеша кунанд, ва инро бояд бидонанд, ки дар ҳар сахтие осоние ҳаст ва шумо набояд озурда ва ноумед бошед ва ҳар ҷое бошед, аз ҳуқуқатон дифоъ кунед.

Бо эҳтиром,
Розиқ аз хориҷи кишвар
--------------------------------------

Дуруд, дӯстони гиромӣ! Мехостам инҷо ду нуктаро қайд бикунам.

Якум, зарур аст, ки ҳамаи мо дониста бошем, ки давлат аз дин ҷудо аст ва дин ин кори шахсии ҳар як кас аст. Яъне Тоҷикистони азизамон набояд ба давлати динӣ (исломӣ) мубаддал гардад, гарчанде мо миллати мусалмонем, чун беҳтарин сохтори сиёсие, ки метавонад ҳаргуна кишварро босуръат рушд диҳад, он дар асоси принсипҳои демократия (ҳокимияти мардум) ва волоияти қонун аст. Инро таҷриба ва вазъияти ҳозираи кишварҳои ҷаҳон исбот мекунад.

Дуюм, махдуд кардани дастрасии мардум ба ҳар гуна ахборот ин поймол кардани ҳуқуқи инсон ба шумор меравад. Чунин ҳуқуқи асосии инсон набояд вайрон карда шавад. Аммо афсус, ки ин наворҳои динӣ камтар ахборотӣ буда, бисёртар воситаи таблиғотӣ ҳастанд. Мо инро бояд фарқ бикунем.

Азбаски ин маводҳои таблиғотӣ ба хатари дар боло зикршуда, яъне авҷи исломигароӣ ва эхтимоли табдили Тоҷикистон ба як кишвари динӣ, мусоидат мекунад, ба фикри ман, ҳамчун воситаи пешгирӣ манъ кардани онҳо дуруст аст.

Бо арзи сипос ва умеди ободии ҳамаи шумо,
Ботур Қосимӣ
(Истаравшан).
--------------------------------------

Ман бо Фаромарз сад дарсад мувофиқам. Дар як кишвар бояд як Қонуни Асосӣ бошад ва ҳама бояд ба он эҳтиром гузоранд. Пеш аз ҳама, воизони пурҷилваи мо, ки баъзан фаромӯш мекунанд, ки дар қарни 21 зиндагӣ мекунанд, на дар қарни 7 ё 8.

Камол
--------------------------------------

...хуб мебуд, агар мақомоти амниятӣ ба ҷои дискҳои эшони Нуриддинҷон ва Ҳоҷӣ Мирзо, ки аҳамияти ахлоқӣ барои ҷавонон доранд, филмҳои Ҳолливуд ва дигар давлатҳоро, ки ба ҷуз бадахлоқӣ ба ҷомиъаи мо дигар чизеро намеоранд, мусодира мекарданд ҳамчунин каме садди роҳи дискоклубҳо ва урёнгароӣ мешуданд, чун ҷомиъаро ба сӯи фасоди ахлоқӣ мебаранд - бар акси суханони уламои дин.

Барои ҳамаатон тавфиқ мехоҳам.
Бо иҳтиром,
Муҳаммад.
--------------------------------------

Салом. Инҷо баъзеҳо мегӯянд, ки садои касетаи воизон барояшон гӯшхарош аст, агарчанде барои баъзеҳо маъқул бошад ҳам. Вале он чиз, ки барои 90 фоизи мардум гӯшхарош аст (садои касетаҳо бо сурудҳои бемаъно ва русию тоҷикию ғарбӣ, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ мемонанд), аз чи бошад, шумо инро пай набурдед.

Бо эҳтиром,
Саид.
--------------------------------------

Ман ҳар рӯз дар Интернет хабарҳоро хонда, хеле ғамгин мешавам. Дар кишваре, ки раиси ҷумҳури он мегӯяд «Алҳамду ли-л-Лоҳ, 95 дарсади мардуми мо мусулмон ҳастанд»Ҷ аввал кӯдаконро аз масҷид манъ кард, баъд масчидҳоро баставу дар охир наворҳои воизинро амр ба сӯзонидан кард.

Ман фикр мекунам, ки ин амали ҳукумат нодуруст ва бар зарари он аст

Яке аз онҳо мегӯянд, ки ин касетаҳоро бо овози баланд намонанд, ва локин бо овози баланд дар ҷойҳои ҷамъияти гузоштани наворҳои фосидкунандаро касе манъ намекунад. Ва ин, пеш аз ҳама, бар зарари ҷомиъа аст.

Бо эҳтиром,
Муҳаммад.
--------------------------------------

Салом, бародарони гиромӣ.

...Фаромарз, то ҷое, ки мо медонем, касе аз он воизон ҳаққи молро аз наворҳои худ талаб накардаанст.
Дувум ин, ки онҳо ҳеч сухани нохуб ё бадахлоқӣ нагуфтаанд... барои ҳамин суханҳои худро дар бораи дин санҷида ва фаҳмида гӯед.

Баъд қонуни Тоҷикистон чи аст, ки ҳар рӯз иваз мешавад... ва, агар рӯзе ояд, ки ҳамин ҳукумати Тоҷикистон гӯяд, ки ҳиҷоб пӯшед,
шумо барин одамҳо боз хеста, мегӯянд, ки ин қонун дуруст аст. Аммо қонуни илоҳӣ доимӣ ва бетағйир мемонад то рӯзи қиёмат.

Албатта, мо қонунҳои Тоҷикистонро эҳтиром мекунем, вале дар муқобили қонунҳои Худованд не.

Инчунин, агар шумо асли суханони Саъдиву Ҷомиро фаҳмед, онҳо ҳам аз дин берун набуданд.
Баъд , ба фикрам, ягон воиз то имрӯз дар Тоҷикистон нагуфтааст, ки кофиронро кушедва ислом ҳам ин чизро намегӯяд, магар дар ҳоле, ки кофирон ба сари мусулмонҳо ҳуҷум кунанд ва мусулмонҳо аз худ дифоъ кунанд. Чуноне ки дар Ироқ ва Фаластин аст.

Умед ҳаст, ки бародарамон Фаромарз нисбати ин суханҳо таъсири баде нагирад ва ин насиҳати бародарона буд.

Худованд ҳамаро ба роҳи рост ҳидоят кунад.

Ҳамза.
--------------------------------------

Оқои Фаромарз хеле хуб ва дуруст ин ҷо фикри худро иброз кардаанд. Онҳое ки мегӯянд, ки ин сомона бояд ин суханҳоро нашр накунад, иштибоҳ мекунанд. Дар суханонашон ҳич таҳқире ба дини мубини Ислом набуд. Шумо беҳтар аст на ба зоҳир, балки ба ботини Ислом, мисли гузаштагони бузургамон назар андозед.

Худо нигаҳбони шумо.
Ҳодизода.
--------------------------------------

Ман бо Фаромарз ҳамфикрам. Ҳеч дине(ҳатто ислом) ҳақ надорад, ки як мардумро зидди мардуми дигар гузорад.
Агар дин ба корҳои Давлат мудохила кунад, натоиҷаш ҷангу ҷидол аст.

Нағзтараш, касетаҳои Ҷалолиддини Румӣ, Саъдӣ ва ... гӯш кунед.Мазҳаб монеаи рушди ҷомиъа мебошад ва ҳамеша дар таърих ба хотири дин мардумони бегуноҳ кушта шуданд.

Анор.
--------------------------------------

Худованд соҳиби дин ва нигаҳбони он аст. Ҳарчи хоҳед кард, боз ислом паҳн хоҳад шуд – имрӯз ҳам, ки манъ кардӣ, фардо натавонӣ, ин чашмаи бепоён боз сар хоҳад зад.

Бо эҳтиром,
Алихон.
--------------------------------------

Дуруд, дӯстони гиромӣ!

Мехостам инҷо ду нуктаро қайд бикунам. Якум ин, ки ин мубоҳиса бори дигар ошкор мекунад, ки тарафдорони табодули Тоҷикистони азизамон ба давлати исломӣ то ҳол зиёд ҳастанд. Аз онҳо пурсиданиам, ки оё шумо то ҳол дарк накардаед, ки дин аз давлат бояд ҷудо бошад ва беҳтарин сохтори сиёсие, ки метавонад ҳаргуна кишварро босуръат рушд диҳад, бояд дар асоси принсипҳои демократия ва волоияти қонун бошад. Инро таҷриба ва вазъияти ҳозираи кишварҳои ҷаҳон исбот мекунад.

Дуюм он, ки маҳдуд кардани дастрасии мардум ба ахборот, аз ҷумла кассетаву маҷаллаҳои динӣ, ин поймол кардани ҳуқуқи инсон аст. Аммо, чун хатари дар боло зикршуда барои Тоҷикистон вуҷуд дорад, яъне авҷи исломигароӣ ва эҳтимоли табодул ба кишвари динӣ, ҳамчун воситаи пешгирӣ, ба фикри ман, ин амали ҳукумат асосноку дуруст аст.

Бо арзи сипос ва умеди ободии ҳамаи шумо,
Ботур Қосимӣ.
--------------------------------------

Бо эҳтироми зиёд аз ҳамаи нафароне, ки фикру ақидаи хешро дареғ намедоранд, хоҳиш мекунам, то дар суханҳои хеш аз пуштибонӣ ва сӯистифодаи Худои мутаъол, дини мубини Ислом, Қуръони маҷид ва амсоли инҳо худдорӣ намоянд. Аз хондани "Фарзанди Тоҷикистон", "Бандаи осии Худованд" ва суханҳои қабили "Аз Худо тарсед, ҷанобон, дунё дунёи дурӯза аст", "Ҳукуматдорони Тоҷикистон аз Худованд наметарсанд", "...ба Фаромарз гуфтаниам, ҳар тӯҳмате ки дар ҳаққи Ислом мегӯӣ" ва амсоли инҳо бармеояд, ки гӯё дар як тарафи сангар дӯстдорони Ислом, ва дар тарафи дигар куфр қарор гирифтааст. Ҳеҷ кас ва дар ягон вақт зидди дини мубини Ислом ва Худованд нест. Мақсад ба танзим даровардан аст, мақсад риояи қонунҳои навишта ва қабулшудаи ҷамъият аст.

Ва касе гӯяд, ки дар боздошти дигар сабтҳо, аз қабили порнография ва дигару дигар низ чунин бояд ҷаҳд кард, қабул дорам суханашро&

Бо эҳтиром, Умед
---------------------------------------

Мутаассифона, амалҳои мақомоти амниятӣ дар шакли начандон қабули мардум сурат мегирад. Аммо чун мардуми мо аз марому мақсади чунин амал дур аст ва беш аз ин, мафкураи эшон аз дунёи Ислом дуртарро қабул надорад, ҳамаро аз нигоҳи сиёҳу сафед менигарад. Ҷомеаи мо агарчанде аксарият мардуми мусалмонанд, набояд талқини суханҳои барои дигар дину миллатҳо таҳқиромезро қабул кунад. Сабру тааммул нисбат ба фарҳангу дину миллати ғайр аз қабили нишонаҳои асосии сатҳи маърифати инсон аст. Набояд бо овози баланд ваъзи эшонеро монд дар кӯчаву бозор, агар касе инро қабул дорад, пайдост дигаре, ки ин овоз барояш гӯшхарош аст. Вақтҳои охир тарафдорони ваъзу даъват берун аз ҳама гуна ҳадду сарҳад амал мекарданд. Мисоли оддӣ: Моҳи феврали соли равон гузарам ба идораи бақайдгирии ноҳияи Синои пойтахт афтод, дар як ҳуҷрачаи начандон калон, ки барои расм гирифтан пешбинӣ шуда буд, бо овози баланд даъвати кадом воизе садо медод. Бо ҳама эҳтиром ба дини мубини Ислом ва мардуми мусалмон, ки дорам, худам низ шукри Худо мусалмонам, ҳеҷ қабул надорам, ки мулло ё нимчамуллое, ки ғайр аз воизӣ дигар ҳеҷ касбе надорад ва суханҳояш зери шубҳа қарор дорад, даҳ бору бист бор моро бо тарсу ваҳм аз рӯзи қиёмат ба намоз водор кунад. Дар поёни сӯҳбат мехоҳам суханҳои Муҳаммади Иқболро биёрам, ки гуфта буд:

Маро бар муллову суфи саломе,
Ки пайғоми Худо гуфтанд моро,
Вале таъвилашон дар ҳайрат афканд,
Худову Ҷабраилу Мустафоро.
---------------------------------------------------

Ин тадобир аз аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки воқеан ҳукумати Э. Раҳмон аз диндорон ва ононе, ки ба дини мубини Ислом назари пок доранд ва намозашонро панҷ вақт мехонанд, метарсад. Тарс дар вуҷуди ҳукумати Э. Раҳмон зиёд шудааст, ки ба зудӣ аз ҳар амали мусалмони кишвари худ метарсад.
Фикр мекунам, ки онҳо барои ҷомеаи худ дар ягон замон кори бад накардаанд, баръакс барои озод будани дину диёнат дар Тоҷикистон талош мекунанду халос. Ин нишона аз он аст, ки воқеан хукуматдорони Тоҷикистон аз Худованд ҳам наметарсанд. Аз Худованд тарсед, чанобон, дунё дунёи дурӯза аст.

Бо эҳтиром, Раҳмон, Исфара.
--------------------------------------

Салом, коркунони «Озодӣ» ва хонандагони гиромӣ!

Дар ҳақиқат, ин иқдоми ҳукумат як кори нохубе аст, ки ин ба зарари ҳукумат поён ёфтанаш мумкин.

Раиси ҷумҳур худаш мегӯяд, ки 97 дарсад мусулмонему боз ба ин корҳо иқдом карданаш нодуруст аст. Аввал масҷидҳоро банд кард, кӯдакҳоро аз қуръонхонӣ манъ кард, ҳоло боз ҳамон чанд наворе, ки ҳаст, ҳамонҳоро ҳам ба сӯзондан сар кардааст. Вале умед аст, ки ҳамаи ин корҳо ба фоидаи мусулмонон ва ислом анҷом меёбад ва ин ба мардум нишон медиҳад, ки ӯ зидди мусулмонҳо кор мекунад.

Худованд исломро пирӯз гардонад ва он касоне, ки ин корҳоро мекунанд, ҳидоят кунад.

Худо ҳофиз.
Аҳмад.
--------------------------------------

Ба номи худо.
Салом ба дӯстони ислом ва салом ба душманони исломи мубин.

Мо аз ахборҳои имрӯза хеле ноорому ғамгин шудем, ки, наход, дар ватане, ки 99% дарсади он мусалмон бошаду мусалмонон озод сухан ва даъвати дини исломро натавонанд кард. Ҳол онки раиси ҷумҳур худ Тоҷикистонро ҷумҳурии демократӣ эълон кардааст, ки ин иқдоме, ки сардорони давлат пеш гирифтаанд, барои бастани роҳи ислом ва манъ кардани доҳиёни ислом ва бастани масоҷиду мадрасаҳо ва манъ кардани сатру иффати занони мусалмон ин нишонаи он аст, ки ин иддаъои озодӣ дурӯғи маҳз аст.

Чаро барои наворҳои фаҳшу бадаахлоқонае, ки ҷомеаи инсонии моро ба вартаи ҳалокат мерасонанд, ягон қонун ва ё чорае намбинанд????

... оё намебинанд, ки душманони ислом дар Ироқу Афғонистон чи рӯзи бадеро гузаронда истоданд? ... собир бошед.

Бо эҳтиром, Абумуслим.
--------------------------------------

Фақат ҳамин қадар менависам, ки аз Худо битарсед.

Салам
--------------------------------------

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон! Салом, ман гуфтаниам, ки ин кори кардаи инҳо хатои фоҳише мебошад.Барои инки инҳо фикр мекунанд, ки мо бо Эшони Нуриддин ё ки Ҳоҷӣ Мирзо ҷанг меварзем.

Бо ин касета сӯзондан ё зиндон кардани Уламои дин, леким аслаша намедонад, ки инҳо ба худи Хидованди Мутаъол ҷанг варзида истодаанд.Чи хеле, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) мефармояд: «Ҳар касе, ки душманӣ мекунад валии манро, пас вай душманӣ мекунад бар худи ман, ва барои вай изн аст аз ман бо ҳарбаш . Пас касоне, ки душманӣ мекунанд бар худи Худо ва душмани ӯ ҳастанд, чи хел худашонро мусалмон мегӯянд, ва даъвои мусалмонӣ мекунанд?!!!

Рустам.
--------------------------------------

Ба номи Худованди мехрбон.

Ҷавоб ба Фаромарз.
(«Масалан ба таблиғи ин, ки куфорро бояд кушт, ҳаргиз набояд иҷоза дод, ҳарчанд чунин чизҳое дар матни бархе кутуби мазҳабӣ ба чашм мерасанд»)
Ин хел сухан дар ягон китоби динӣ ворид нашудааст.

(«Қонуни асосии Тоҷикистон бисёр озодиҳоро фароҳам карда ва ҳеч кас қасди нақзи ин озодиҳоро надорад, агар ҳатто дин чунин фармояд»)
Дини Ислом зидди озодӣ нест. Нашнидаӣ, ки Худо дар Куръон чи мефармояд.

(«Ҳар касе мехоҳад, мусалмон шавад, ҳар касен мехоҳад, кофир шавад»)
Ҷавоби шубҳаноке андохтӣ, мапнзурам ин порча аст («Зану мард баробаранд, на яке ба дигар фармонбардор») нодуруст аст. Оё нашнидаӣ, ки Худо дар Қуръон мефармояд: «Мардон аз он ҷиҳат, ки Худо баъзеро бар баъзе бартарӣ додааст ва аз он ҷиҳат, ки аз моли худ нафақа медиҳанд, бар занон сардорӣ доранд. Пас занони шоиста фармонбардоранд ва дар ғайбати шӯй афифанд (поканд) ва фармони Худоро нигоҳ медоранд».
(Сураи «Нисо», ояти 34).

... Bа дар охир ба Фаромарз гуфтаниам, ҳар туҳмате ки дар ҳаққи исло мегӯӣ, har рад карда мешавад, зеро ин дин дар ҳифзи Худованд аст ва, агар ба як будани Қуръон шак дорӣ ё бовар надорӣ, пас ин қавли Худоро гӯш бидеҳу ибрат бигир: «Ва агар дар ончи бар бандаи хеш нозил кардаем, дар шак ҳастед, сурае ҳамонанди он биёваред... Ва ҳар гоҳ чунин накардаед, ки ҳаргиз натавонед кард, пас битарсед аз оташе, ки барои кофирон муҳайё шуда, ҳезуми он мардумон ва сангҳо ҳастанд» (Сураи «Бақара», ояҳои 23 ва 24).

Бо арзи салом як нафар фарзанди Тоҷикистон.
--------------------------------------

Ба номи худованди Ҳаким.
Ман аз ҷумлаи шахсоне ҳастам, ки махсусан мавриди ин ду марди бузург ва ошики мавъизаҳои Эшони Нуриддин ва Ҳочӣ Мирзо ҳастам.

Бале, ман касе будам, ки ба муътод шудан фосилае надоштам ва мавъизаҳои Эшони Нуриддин ва Ҳочӣ Мирзои ширинсухан буд, ки манро аз эътиёд (вобастагӣ ба нашъамандӣ) боз дошт! Ҳоло саволи ман ба мақомоти давлат ин аст, ки оё наворҳои мавъиза кори баде кард, ки манро аз эътиёд бозмононд? Агар инҳо дар ман таъсир намегузоштанд, ман даҳ нафари дигарро мисли худ бадбахту муътод карда будам. Оё ин кор хуб аст? Ё ҳидоят шудани ман ё ва аҷоиб ин аст, ки ҳамин эшонҳо ва муллоҳои мо (қариб 95 дарсади онҳо), вакте микрофонро ба даст мегиранд, аввал сарварони давлатро дуо мекунанд, ки Худо умрашонро дароз кунаду тавфиқу ҳидояташонро афзун кунаду ва обрӯяшонро зиёд кунад. Ман надидам, ки дар як сухани худ онҳо гапи ноҷо зананд.

Бовар кунед, вакте Президенти моро дар қатори президентҳои кишварҳои исломӣ ба маҷлис ва конференсияҳои исломӣ даъват мекунанд ва Президенти мо дар баромади худ аз дини Ислом таърифу тамҷид мекунад, ба худо, ман лаззат мебарам ... аммо ин коре ки ҳоло карда истодаанд - мусодираи навору сӯзондани он - ин чи маъно дорад? Агар
масулиятшинос ҳастед наворҳои хориҷӣ, сексӣ ва бадбахтиро ҷамъ кунед, ки рӯз ба рӯз фарҳанги моро дигаргун карда истодаанд.

Охирин гапам ин аст, ки мақомоти давлатӣ бидонанд, ин корашон дар натиҷа аксуламалҳоеро ба бор хоҳад овард. Мусодира кардани навору
сӯзондани он, ба масал, он фулоди доғ ва пурҳароратеро мемонад, ки ҳарчи оби ях дар рӯи он мерезанд, аммо ин пӯлод сахттар ва мустаҳкамтар мемонад.

Ташаккур. Абдулқодир аз Вахш.
--------------------------------------

Ба номи Худо, салом.

Ман ба бародар Муҷоҳид гуфтанӣ ҳастам, ки нороҳат нашав, шумо як бор замони Паёмабраи бузургвори Исломро ба ёд биёвар дигар нороҳат намешавӣ. Ман фикр мекунам, ки Фаромарз ва амсоли фаромарзҳои бедин бояд вуҷуд дошта бошанд, агар инҷо набошанд, дӯзахи Худовандро кӣ пур мекунад? Вале, Фаромарз, ҳарчи ту Исломи азизро таҳқир кунӣ, мо шефтагони Ислом имонамон қавитар мешавад. Аммо ман ба кормандони ин бахши радои Озодӣ савол карданӣ ҳастам, ки чаро шумо мегӯед номае, ки тавҳиномез бошад, мо онро дар навбати аввал мунташир намекунем, оё гуфтаҳои Фаромарз нисбат ба Исломи азиз тавҳиномез нест? Ва чаро онро пахш мекунед? Ман ҳамаи шумо коркунони радиои Озодиро қабул дорам ва ҳамаи шуморо дӯст дорам, намехоҳам роҳнамоӣ кунам ва мин боби тазаккур аз шумо хоҳиш мекунам, ки шароит риоят шавад.

Бо эҳтиром, Абдусамади Карим.
--------------------------------------

Мехостам низ чизе оиди ин масъалаи муҳим бигӯям, аммо оқои Фаромарз тавонист бисёр ҳам нозук ва олиҷаноб ақидаи маро баён кунад. Имрӯз Шӯрои марказии Исломии Тоҷикистон вуҷуд дорад ва ҳамаи ҷанобон бояд бо литсенсияи ин Шӯро фаъолият
кунанд.
--------------------------------------

Ба номи Худо, салом.

Ман ба бародар Муҷоҳид гуфтанӣ ҳастам, ки нороҳат нашав, як бор замони
Паёмабраи бузургвори Исломро баёд биёвар, дигар нороҳат намешавӣ. Ман фикр
мекунам, ки Фаромарз ва амсоли фаромарзҳо бояд вуҷуд дошта бошанд.

Бо эҳтиром Абдусамади Карим
--------------------------------------

Ман бо Фаромарз ҳамақидаам ва аз ин иқдоми ҳукумати Тоҷикистон пуштибонӣ мекунам. Шумо бубинед, дар ҳар кишваре ки як каме ба ислом роҳ дода шуд, ҷангу нооромӣ сар мешавад. Барои ҳамиин беҳтар аст, ки эшонҳои мавъизахонро дар чаҳорчӯби муайян гирифт ва нагузошт, ки аз ҳадди худ гузаронанд.

Раҳим аз Кӯлоб
---------------------------------------
Ин тадобир аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки воқеан ҳукумати Э.Раҳмон аз диндорон ва
ононе, ки ба дини мубини Ислом назари пок доранд ва намозашонро панҷ вақт
мехонанд, метарсад. Тарс дар вуҷуди ҳукумати Э.Раҳмон зиёд шудааст, ки ба зудӣ
аз ҳар амали мусалмони кишвари худ метарсад. Фикр мекунам, ки онҳо барои ҷомеаи
худ дар ягон замон кори бад накардаанд, баръакс барои озод будани дину диёнат
дар Тоҷикистон талош мекунанду халос. Ин нишона аз он аст, воқеан ҳукуматдорони
Тоҷикистон аз Худованд ҳам наметарсанд. Аз Худованд тарсед, ҷанобон дунё дунёи
дурӯза аст.

Бо эҳтиром, Раҳмон аз Исфара
---------------------------------------
Рӯзе як хешу таборамон аз Маскав ба ман нома навишт, ки мусодира шудани адабиёти
исломӣ оё асос дорад? Ман ки мисли ӯ аз интернет огаҳ шуда будам,ба ӯ чунин
ҷавоб гуфтам: дар баробари аз чунин иқдомот огаҳӣ ёфтан бе шубҳа бовар кардан
гиред,чаро ки ҳукумати вақт барои мубориза бо ИСЛОМ аз ҳеҷ коре даст намекашад!
Боз муллоҳои давлатиамон (дар Тоҷикистон ҳама чиз ба давлативу ғайридавлатӣ ба
маънии томаш тақсим шудааст) фатвояшро бароварданд, ки "чунин иқдом ҳақ аст".

Бо Фаромарз мо баҳсҳои зиёд доштем, у як инсони ғайриисломист, ин аст,ки аз фурсат
истифода карда, доим ба торҳои нафси мо неш мезанад.

Муҷоҳид
--------------------------------------

Салом ба ҳама Шунавандагони Радиои Озодӣ!

Ин масъала ба ҳама маълум аст, ки аз пасаш чи ниятҳост, лекин дар навбати худ танҳо як чизро изофа карданиям, ки АЙ МУСАЛМОНОН, ҒАМГИН МАБОШЕД, ЗЕРО ИН ДИНИ ХУДОВАНДИСТ, КАСЕ ӮРО МАҲДУД КАРДА НАМЕТАВОНАД, НУРИ РАВШАНУ ФУРӮЗОНРО БО ИН ГУНА ҲИЛАҲОИ НОМАРҒУБ ХОМӮШ КАРДАН
АЗ АҚЛИ БАШАРИЯТ ДУРАСТ ВА ДУО МЕКУНАМ, КИ, ХУДОЁ, ДАР ДИЛИ ҶУМЛА АВЛИЁИ УМУРИ МО ЭМОН, МЕҲРУ ШАФҚАТ ВА ХУДОҶӮИРО ЗИЁДА БИГАРДОН. ЗЕРО ҶУЗ ТУ, ХУДОЁ, ФАРЁДРАСЕ НАДОРЕМ ВА МУҚАЛЛИБУЛҚУЛУБ ТАНҲО ТУӢ, ХУДОЁ, ХОҲИШ МЕКУНАМ, КИ КАСЕ ИНРО ХОНД, ОМИН ГӮЯД, ШОЯД САБАБИ МУСТАҶОБИ ДУО ГАРДАД.

Бо эҳтироми бепоён,
шунавандаи Радиои Озодӣ аз хориҷи кишвар
Аминҷон.
--------------------------------------

Ба номи Худо, салом.

Албатта, коре, ки давлати Тоҷикистон дар пешгирифтааст воқеан исботкунандаи ин аст, ки онҳо ҷуз дурӯғ чизи дигар намегӯянд. Онҳо мегӯянд мусулмонҳо озоданд, намозашонро озодона хонанд, инҳо чуз ҳарфҳои бепоя ва мардумфиребона чизе дигар нестанд. Вале онҳо бидонанд, ки ба ин корҳо ҷуз хиёнати мардуми мусулмони тоҷик кори дигаре накардаанд. Чуноне, ки шоир мефармояд:

Чароғеро, ки Эзид барфрӯзад,
Касе пуфаш кунад ришаш бисӯзад.

Вале онҳо ба ин кор наметавонанд Исломи азизро аз байн бибаранд. Инро бояд бидонанд, ки Ислом монани як пуржин аст, агар пуржинро ҳарчи фишор овардӣ, хаста мешавӣ, вақте ки хаста шудӣ, ин пуржин инқадар бо суръат партоб мекунад, ки партобшаванда дигар намедонад, ки дар кадом нуқтаи ҷаҳон задааст. Коркунони давлатӣ ин партобро набояд фаромӯш кунанд.

Бо эҳтиром, Абдусамади Карим.
--------------------------------------

Ба номи Худои Бахшояндаву Меҳрубон - он худое, ки осмону замин ва томами галактикаро бо махлуқоташ офарид. Дуруд ба ҳамаи шумо.

Ман шахсан ҳама вақт ба муқобили чунин амалҳои Ҳукумат зид меистам. Ва бигзор маро таъқиб кунанд, ман Худованд дорам, аз Э. Раҳмон наметарсам. Чи исми зебое Дорад, лекин ба ислом муқобилат карданаш мақбули дили бандаи мусулмон нест. Ва инҷо саволе меояд, ки барои чи «Доноён» адабиётҳои сектаҳои гуногуни масеҳиро нест намекунанд Аз давлатҳои абарқудрат метарсанд, зеро онҳо (сектаҳо) пуштибон доранд. Лекин пуштибони халқи бузурги мусулмон Оллоҳ таъало аст, ки аз ҳама тавонотар аст.

Бандаи осии Худованд
--------------------------------------

Хуб буд, агар воъизоне ки "ҷилва" дар наворҳо мекунанд, қабл аз сабту таксир ва фуруши наворҳо барои онҳо ҳаққи муаллифӣ дарёфт кунанд ва баъдан барои ҳар наворе, ки фурухта мешавад ба давлат андоз бисупоранд. Студияҳое, ки ин наворҳоро сабт ва таксир мекунанд, бояд бо воъиз расман қарордод бубанданд ва ҳарду тараф аз фоидае, ки меёбад, андоз биспорад.

Наворҳо ва ҳар сухане, ки дар наворҳо сабт мешаванд, бояд тибқи қавонини Тоҷикистон бошанд ва дар онҳо таблиғи паст задани мазоҳиби дигар, таблиғ ва тавҳин алайҳи касоне, ки дини дигареро интихоб кардаанд, суханони барангезандаи кинаҳои нажодӣ ва қавмию мазҳабӣ набошад. Зеро қонуни асосии Тоҷикистон бисёр озодиҳоро фароҳам карда ва ҳеч кас ҳаққи нақзи ин озодиҳоро надорад, агар ҳатто дин чунин фармояд.

Масалан ба таблиги ин, ки куфорро бояд кушт, ҳаргиз набояд иҷоза дод, ҳарчанд чунин чизҳое дар матни бархе кутуби мазҳабӣ ба чашм мерасанд. Масалан бархе аз ҳамин наворҳо, ки дар машруткаҳо гоҳо мешунавем, таблиғ мекунанд, ки мини-юбка пӯшидан.... гуноҳ аст, ё зан бояд фармонбардори мард бошад, дар ҳоле, ки тибқи қонуни асосии Тоҷикистон ин навъи либос гуноҳ (чиноят) нест ва зану мард баробаранд, на яке ба дигар фармонбардор. Аслан таблиғи ҳарчи, ки мухолиф бо қонуни асосии Тоҷикистон бошад, бояд сензура шавад. Беҳтар аст агар воъизони мӯҳтарами мо аз панду андарз ва ҳикоёти намакини Саъдӣ ва Ҷомӣ баҳра баранд ва ба ҷойи таблиғи чизҳои бад, таблиғи ахлоқи хуб кунанд. Дар доираи дин ҳам бояд бо панду андарз ва ҳикоёти тамсиломез иктифо кард ва набояд таблиғоти зидди динҳои дигар ва ё зидди-дунявӣ кард.

Фаромарз
--------------------------------------
Ба номи Худо, салом.
Албатта коре, ки давлати Точикистон дар пешгирифтааст воқеан исбот кунандаи ин аст, ки онҳо чуз дурўғ чизи дигар намегўянд. Онҳо мегўянд, мусулмонҳо озоданд, намозашонро озодона хонанд, инҳо чуз ҳарфҳои бепоя ва мардумфиребона чизе дигар нестанд. Вале онҳо бидонанд, ки ба ин корҳо чуз хиёнти мардуми мусулмони точик кори дигаре накардаанд. Чуноне, ки шоир мефармояд:

Чароғеро, ки Эзид барфурӯзад,
Касеро пуф кунад ришаш бисўзад.

Вале онҳо ба ин кор наметавонанд исломи азизро аз байн бибаранд. Инро бояд бидонанд, ки ислом монани як пуржин аст агар пуржинро ҳарчи фишор овардӣ. хаста мешавӣ. вақте ки хаста шудӣ. ин пуржин ин қадар бо суръат партоб мекунад, ки партобшаванда дигар намедонад, ки дар кадом нуқтаи ҷаҳон задааст. Коркунони давлат ин партобро набояд фаромӯш кунанд.

Бо эҳтиром
Абдусамади Карим
---------------------------------------
Ин амал иқдомест, ки даҳаи 20-30 қарни гузаштаро ба ёд меорад, ки тавассути режими онвақта китобҳо дар Бухоро сӯхта мешуданду сипас уламо зиндонӣ мешуданд ва ё ба қатл мерасиданд. То ҷое ки ман медонам, ин силсилаест, ки 3-4 сол пеш ба воситаи муллоҳои муҳофизакор сурат гирифта буд бо манъ кардани ноболиғон аз рафтан ба масҷид ва қатъи азон аз тариқи баладгӯякҳо ва ё манъ кардани духтарон аз бастани рӯмолу рӯсарӣ дар донишгоҳҳо. Ва ин мусодираи наворҳо идомаи силсила аст. Инҳо ҳама иштибоҳҳое ҳастанд, ки метавонанд, амнияти ҷомеаро ба ҳам зананд.

Бале шунидаам ва мушорикат низ кардаам, на танҳо ҳамаи он на танҳо даъват ба сӯи ислом аст, балки нигоҳ доштани ҷавонон аз фасод низ мебошад.

Б. Мусофир
---------------------------------------
Хуб мебуд, агар мақомоти амниятӣ ба ҷои дискҳои эшони Нуриддинҷон ва Ҳоҷӣ Мирзо, ки аҳамияти ахлоқӣ барои ҷавонон доранд, филмҳои Ҳолливуд ва дигар давлатҳоро, ки ба ҷуз бадахлоқӣ ба ҷомеаи мо дигар чизеро намеоранд, онҳоро мусодира мекарданд.

Ҷамик
---------------------------------------
Аз Озодӣ: Озодӣ ҳаққи вироиши назарҳоро барои худ ҳифз мекунад. Номаҳое, ки дорои тавҳин ё таҳдид ба касе ё чизеянд, ё такрориву беш аз андоза дарозанд ва ё бо мақсади таблиғ ирсол шудаанд, дар шакли ибтидоии он мунташир нахоҳанд шуд. Лутфан, агар имкон ҳаст, бо ҳуруфи тоҷикии сириллик бинависед, то номаи Шумо зудтар ба нашр расад. Номаҳо бо имзои мустаъор на лузуман қобили нашр хоҳанд буд. Зимнан, ҳеч назаре дар Майдони баҳс баёнгари дидгоҳҳои Озодӣ нест.
XS
SM
MD
LG