Як фоҷиа дар километри 46-уми шоҳроҳи Душанбе- Данғара ҷони чаҳор мусофири Москвич-412 бо шумули се ноболиғро, ки ҳамагӣ аъзои як оила будаанд, рабуд.
Бино бар иттилоъи мақомот, дар шаби 27 ба 28 май, мошини мазкур ҳангоми ҳаракат дар масири пойтахт- Данғара оташ гирифтааст ва дар натиҷа оилаи Тағойназаровҳо ба коми оташ фурӯ рафтаанд.
Бар асоси таҳқиқоти қаблӣ, иллати сӯхтор як канистари панҷлитраи бензин будааст.
Сӯхтор ронандаи чиҳилсола, духтарони яксолаву ҳафтсолаи ӯ ва як зани 45-сола, ки ҳамчнуин аз ақрабои ин оила будааст, куштааст. Падари ронанда, ҳамсари ӯ ва як духтарчаи дигари нӯҳсолааш дар ҳолати вазнин дар маризхона ба сар мебаранд.