Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ва густариши ҳамкорӣ бо НАТО


АМ

Созмони паймони Атлантикаи шимолӣ (НАТО) мехоҳад интиқоли кӯмакҳои низомӣ ба неруҳояш дар Афғонистонро тавассути қаламрави Тоҷикистон афзойиш диҳад.
Роберт Симонс, фиристодаи вижаи Дабири Кулли ин паймон дар Осиёи Марказӣ ва Қафқоз, ки баъди дидораш бо Эмомалии Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон сӯҳбат мекард, гуфт, созмонаш ҳадаф надорад ба теъдоди сарбозонаш дар Тоҷикистон биафзояд ва ё пойгоҳи низомӣ таъсис диҳад. Вай афзуд, Созишнома дар мавриди транзит миёни НАТО ва Тоҷикистон се сол қабл ба миён омадааст ва ин паймон тасмим гирифтааст ҳаҷми интиқоли мавод ва сарбозонро тариқи Тоҷикистон ба Афғонистон афзойиш диҳад. Вай афзуд: «Он чӣ ки мо воқеан ниёз дорем, ин аст ки қоидаҳои транзит бештар осон ва муассир бошанд. Миёни мову Қирғизистон ва Тоҷикистон ин қоидаҳо вуҷуд доранд. Умедворем, Ӯзбакистон низ ҳамчунин қоидаҳоро на фақат барои Олмон, балки барои кишварҳои дигар низ осон мекунад»
Тибқи иттилооти расмӣ, то ҳол нерӯҳои Фаронса, ИМА ва Олмон интиқоли маводу сарбозонашонро ба Афғонистон умдатан тариқи ҳарими Тоҷикистон анҷом медиҳанд. Дар фурудгоҳи Душанбе воҳидҳои низомии Фаронса иборат аз 300 сарбоз ва тайёраҳои ҷангии Мираж мустақар шудаанд, ки барои расонидани кӯмаки фаннӣ ба нерӯҳои ин кишвар дар Афғонистон пешбинӣ шудаанд. Фаронса соли равон барои тармими фурудгоҳи Душанбе 24 млн. евро тахсис додааст.
Роберт Симонс, фиристодаи вижаи Дабири Кулли Паймони Атлантики шимолӣ дар Осиёи Марказӣ ва Қафқоз афзуд, дар мулоқоташ бо Эмомалии Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамкориҳои НАТО ва Русияро низ баррасӣ кардааст.
Вай аз овардани ҷузъиёти бештар дар ин мавзӯъ худдорӣ намуд, аммо зикр кард, ки НАТО ба ширкати кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ё ОДКБ мухолиф нест, балки чунин мешуморад, ки ин ҳамкориҳо зарфияти ҳама ҷонибҳоро дар мубориза алайҳи терроризм афзойиш хоҳанд дод.
XS
SM
MD
LG